🇹🇯📙🏢ТАНТАНАИ ҶАШНИ НАВРУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ БА НОМИ М. НАЗАРШОЕВ🇹🇯📙🏢

📈📖Тантанаи ҷашни Наврузи байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ишироки ректори донишгоҳ профессор Комилбек Амид Ёрбек, муовини раиси ВМКБ Авзалшо Муслима Аскаршо, намояндагони муасссисаҳо, корхонаҳои вилоятӣ ва устодону донишҷуён бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд.
📚Ҳозиринро муовини раиси ВМКБ Муслима Авзалшо аз номи МИҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муборакбод намуда, ҳамзамон қайд намуданд, ки баҳри ҷаҳонишавии Наврӯз, ки ҷашни хоси ниёгони миллати тоҷик аст саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст.
📌Чорабинии ҷашниро қисмати фарҳангии ҳусну таровати хоса бахшида дар фарҷом ба якқатор устодону кормандони донишгоҳ Ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.