🇹🇯📈🏢ВОХӮРУИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН БО БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ 🇹🇯📈🏢

🗓📍Санаи 6 марти соли равон боздиди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев дар арафаи ҷашни бо шукуҳ “Рӯзи модар” доир гардид.
📖Дар доираи боздид, раиси вилоят аз вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону муҳақиқонии донишгоҳ шинос гардиданд. Иттилло дода шуд, ки дар солҳои охир заминаи моддӣ-техникии донишгоҳ беҳтар гадида, бо дастгирии бевостаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби ду бинои хобгоҳи замонавии чорошёна барои донишҷӯён гардиданд.
📙Ҳамзамон вохӯрии самимии раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо бонувони донишгоҳ баргузор гардид. Раиси вилоят, бонувони донишгоҳро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, аз фаъолияти самарабахши онҳо дар таълиму тарбия, илму маърифат ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ ибрози назар намуданд.
📊Дар фарҷоми вохурӣ ба як зумра бонувони донишгоҳ бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадридонӣ карда шуданд.