
Дар оғоз ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, профессор Комилбек Амид Ёрбек, директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандарови АМИТ профессор Қаландариён Ҳоким Сафар ва профессор Офаридаев Назрӣ баромад намуда ҳозиринро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.


Сипас барномаи фарҳангӣ бо сурудҳои таранумгари хизматҳои шоёни Пешвои милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири Ваҳдату ягонагии миллат, давлатсозию давлатдорӣ, бунёдкорию созандагӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон, ҳамзамон “Истиқлолият”, “Ватан”, “Ваҳдат”, “Дӯстӣ” пешкаши тамошобинон карда шуд.