Введите текст загМОҲИЯТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНоловка

Яке аз падидаҳои муҳими таърихи тоҷиконро эҳёи давлатдории миллӣ ташкил медиҳад, ки баъди аз байн рафтани давлати Сомониён, аз сари нав соли 1991 аз мавҷудияти худ хабар дод. Даргириҳои марказгурез ва зиддиятҳои дохилӣ дар давлати Шуравӣ ба пош хӯрдани ин давлат ва таъсисёбии ҷумҳуриҳои соҳибистиқлол оварда расонид. Дар ҳамин аснод 9 сентябри соли 1991 дар таърихи Тоҷикистон воқеаи фаромӯшнашаванда ба амал омад, зеро дар ин рӯз Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон даъвати XII-ум, Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қабул кард ва ин рӯз ҳамчун зодрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Эълон шудани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аз ҷиҳати сиёсӣ аҳамияти калон дошт, зеро пас аз ҳазор сол, тоҷикон боз соҳиби давлат гардиданд. Дар баробари ҳамин забони миллӣ мавқеи забони давлатӣ гирифт ва Тоҷикистон ҳамчун маркази фарҳангӣ – сиёсии тоҷикони ҷаҳон пазируфта шуд. Аҳамияти таърихии ин рӯйдод ва донистани ҳақиқати таърихӣ моро водор мекунад, ки дар атрофи моҳияти худи калимаи истиқлолият барои халқу давлат андешаронӣ намоем.

Қаҳрамониҳои бемисли Певшои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои тозаэҷоди таърихи навини давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон гардида, маҳсули онро дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар ин давра ташкил медиҳад. Имрӯз мо ба Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун ҷаҳонбинӣ бо шарҳи назариявӣ ва консептуалии омӯзиши таърихи Тоҷикистон алоқамандбуда, назар мекунем ва шоҳиди он гардидем, ки чи гуна Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба як ҳадаф -эҳё намудани давлати обод, озод ва шукуфони Тоҷикистон бахшида, зина ба зина истиқлолияти мамлакатро мукаммал ва пурра гардонид. Феномени Пешвои миллат чизе аст, ки дар фалсафа “қудрати ҳақиқат” номида мешавад. Мардуми Тоҷикистон дарк намуданд, ки сиёсати давлат пеш аз ҳама ин сиёсати халқ ва ба манфиати халқ мебошад, зеро чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад, амалӣ гардидани ҳар як нақшаи Пешвои миллат ба беҳбудии ҳаёти мардум равона шудаст. Дар давраи аввали Истиқлолият нигоҳи аксари омма ба ояндаи давлатдорӣ характери скептикӣ (шубҳаовар) дошт, имрӯз бошад мардумро рӯҳияи созандагӣ ва итминони комил ба ояндаи беҳтар фаро гирифтааст. Дар 20 соли аввали мавҷудияти соҳибистиқлолии Тоҷикистон, давлати мо истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ ва истиқлолияти сиёсии худро қавӣ гардонид.


н.и.т, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик
Post Views: 566