ИСТИҚЛОЛИЯТ ШАРАФУ НОМУС ВА РУКНИ МУҲИМИ ДАВЛАТДОРИСТ
“Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кӯшиш, талош ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби мардуми тоҷик гардид. Ба соҳибистиқлолии давлат мардуми тоҷик ин қадар умеду орзуҳо дошта, барои соҳиб шудан ба он мушкилӣ ва роҳи басо пур печу тоби зиндагиро аз сар гузаронид. Давлат аз байн рафт, мардум пароканда шуд, низоми сиёсии ҳукумат фалаҷ гашт, боварии мардум ба оянда гусаста шуд. Барои ҳамаи ин мушкилҳои давр, ки ба сари мардуми мо омада буд ҳал намудан одами оқилу доно, барӯманду номбардор лозим омад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин хислатҳои наҷибро доро буда, мардуми кишварро аз варта наҷот дод. Ҷасорат, бузургӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари тарозу кашидан барои шахс ҳиммати баланд, савияю дониши комил ва солаҳо лозим меояд, ки чунин бузургиро баркашад. Барои навиштану рӯи коғаз овардани ин шоҳкориҳо албатта ҷилд – ҷилд китобҳо навиштан даркор.
Давоми соҳибистиқлолии мамлакат Тоҷикистон рушду тараққӣ намуда, муҳимтарин соҳаҳо – маориф, тандурустӣ, фарҳанг, энергетика, техникаву технологияи муосир, сайёҳӣ, ҳунару ҳунармандӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим пешрафт намуданд. Ҳамаи мо шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳои миллат соҳибистиқлолӣ бирасем. Истиқлолият ба мо озодӣ, зиндагии шоиста, кору пайкор, умед ба ояндаи нек дода буд. Чуноне ки худи Пешвои Муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон қайд намуданд: “Роҳе, ки мо пеш гирифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як инсон ба саодати зиндагӣ, бахту иқболи мардум ва рушди миллат дар асри XXI. Вале бояд дар хотир дошта бошем, ки барои ба ин нияти нек ва рӯзгори пурсаодат расидан хеле заҳмат кашиданамон зарур аст”.
Чуноне ки шоир дар ин маврид қайд намудаанд:
Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,
Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд.
Ноне ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,
Гар ҷон биравад, аз он намебояд хӯрд.
Тоҷикистонро имрӯз 118 давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол ба расмият шинохта, бо ҳамаи онҳо кишвари мо робитаҳои густурда дар бахши сиёсат, маориф, тардурустӣ, фарҳанг, экология, варзиш, сайёҳиро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон аз ҷиҳати тавлиди энергияи тоза ба истилоъ “Энергияи сабз” дар ҷаҳон ҷои 6 -умро мегирад.
Дар масъалаи ҳалли проблемаҳои экологӣ вобаста ба таъмини сокинони сайёра бо оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо Тоҷикистон дар ҷаҳон дар ҷои аввал буда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус ва барномаҳои мукаммал пешниҳод карда шуданд, ки давлатҳои ҷаҳон онҳоро якдилона қабул намуданд.
Ҳамаи ин аз ободӣ ва осоиштагии Ватани мо, аз фаъолият ва заҳмати шабонарӯзии мардуми кишвари азизи мо – Тоҷикистон дарак медиҳад. Иди Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи мардуми шарафманди тоҷик муборак бошад!
МИРЗОҚАНДОВ Ҳофиз
мудири сомонаи донишгоҳ
Post Views: 130