ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДОНИШГОҲ

🗓Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлол – рукни меҳварии давлатдории Тоҷикистон» доир гардид.
📉Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Комилбек Амид Ёрбек конференсияро ифтитоҳ намуда, оид ба дастоварду пешрафт ва рушди Тоҷикистон дар тули 32 соли соҳибистиқлолӣ маърӯза намуданд. Аз ҷумла қайд намуд, ки Бадахшон як чузъи зебоманзари Тоҷикистон буда, дар тули давраи соҳибистиқлолӣ рушд намуда ба таври шинохтанашаванда тараққӣ карда истодааст. Гуфта шуд, ки ҳамаи ин пешрафтҳо маҳз аз сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
📌Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар дар хусуси стартегияҳои давлатӣ, ки бо заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд, суханронӣ намуд. Муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад ва сарчашмаи рушди кишвар мебошад.
📚Дар кори конференсия Холмамадова Шогуна номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, мудири кафедраи таҳлили математикӣ дар мавзуи “Мулоҳизаҳо оид ба таърихи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва рушди он дар замони соҳибистиқлолӣ” ва муаллими калони кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии донишгоҳ Назарамонов Абдулло дар масъалаи “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлол” маърӯза намуданд.
📍Дар фароварди кори конференсияи дастаи фарҳангии донишгоҳ бо суруду таронаҳои дилписанд дар васфи ватан, истиқлолият хотири иштирокдоронро болида гардониданд.