РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ МУБОРАК!

    Имруз дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ чун анъана ҳамасола бо тамошои мустақими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дар Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон истиқбол гирифтанд.
      Баъди тамошои дастҷамъона Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ баромад намуда, қаблан кӯшишҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушду нумӯи соҳаи маориф ёдовар шуда, қайд намуданд, ки мо дастовардҳои соҳаи маорифи вилояти дар солҳои соҳибистиқлолӣ бесобиқа мебошанд. Ҳамчунин аз ташрифи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдоварӣ намуда, ба устодону донишҷӯён ва умуман аҳли маорифи вилоят изҳори сипос намуданд.
    Дар баробари ин раиси вилоят баъзе паҳлуҳои пешрафти донишгоҳро дар тӯли соли таҳсили сипаришуда қайд намуда, барои рушди минбаъдаи он тавсияҳои мушаххас доданд. Мубориза бо хатару таҳдидҳо, терроризму экстремизм ва муборизаҳои иттилоотӣ аз ҳар яки мо зиракии сиёсӣ талаб менамояд. Ёдовар мешавем, ки марҳилаи нави рушди ВМКБ оғоз гардида, аз ҳамаи қишри ҷома талаб менамояд, ки маъсулияти баланд нишон диҳанд.