Ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Эҳдои Пешвои миллат ба мардуми ВМКБ”

🗒23-юми августи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ҳамоиши илмӣ – назариявӣ таҳти унвони “Эҳдои Пешвои миллат ба мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” баргузор гардид.
📍Ҳамоиши илмӣ бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода А.А. ҳусни оғоз ёфта, қайд карда шуд¸ ки Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, хосатан мардуми шарифи вилоят сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоятро бо ифтихори баланди миллӣ ва руҳу илҳоми тоза пазируфтанд. Бо шарофати ин чорабинии сатҳи олӣ дар ҳудуди шаҳри Хоруғ ва дигар ноҳияҳои вилоят як қатор корҳои ободонӣ, созандагиву бунёдкорӣ анҷом дода шуданд, ки шоистаи таҳсину офарини мардум мебошанд. Сокинони вилоят ҷавобан ба меҳрубонӣ ва самимияти воло, инчунин хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша пуштибонии худро аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кору пайкори арзанда роҳандозӣ менамоянд.
📉Муовини якум, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ Ғоибназарзода С.М. дар мавзуи “Рушди иқтисодӣ – иҷтимоии ВМКБ дар даврони соҳибистиқлолӣ” баромад намуда, аз дастовардҳо ва рушду таррақиёти иқтисодӣ-иҷтимоии вилоят дар доираи Барномаҳои давлатӣ ва таваҷҷуҳи беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд. Қайд гардид, ки ворид гардидани ВМКБ ба марҳилаи рушд ва дар ин арса ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан, исботи андешаҳост.
📊Мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии Назархудоева Л. дар мавзуи “Ташрифи Пешвои миллат оини рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ дар Бадахшон” ва дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ Саидасанов Ю. дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи роҳсозӣ” баромад намуданд.
🔎Дар фарҷоми ҷаласа устодон оид ба меҳру самимият, таваҷҷуҳ ва шоҳкориҳоибеназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоии Бадахшон баромадҳо намуда, иброз намуданд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан мекушем ва матни суханронии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои тадбиқу ташвиқ намудани дастовардҳо корҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.