
Санаи 9.01.2023 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо ибтикори шуъбаи бонувони донишгоҳ ҳамоиш дар мавзӯи “ Нақши зан –модар дар арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар семинари илмӣ Раёсати донишгоҳ, деканҳои факултет, чонишинҳои декан оид ба тарбия, раисони бонувони факултетҳо ва сарпарастони гурӯҳҳо иштирок намуданд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба тарбия Шофақирзода Рушонгул Мирсаид ҳусни ифтитоҳ бахшида бори дигар роҷеъ ба нуқтаҳои дар Паёми навбатии ироанамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат роҷеъ ба нақши фарҳанги миллӣ қайд намуда буд:

“Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчунин василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Он чун падидаи бузург ва арзишманду масири рӯзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон нақши босазо дорад”.

Дар кори конфренсия раиси собиқадорони шаҳри Хоруғ Мақбулшоева Анҷирбегим дар мавзӯи “Фарҳанг ҳастии маллат ва давлат аст”, директори гимназияи хусусии ба номи Д.Мародасейнови шаҳри Хоруғ Маҳтобшозода Арамбегим Бозор роҷеъ ба масъалаи “Пос доштани фарҳаги миллӣ, муҳимтарин рукни давлатдорӣ”, раиси шурои бонувони донишгоҳ Акдодова М. оид ба масъалаи “Ҷаҳоншавӣ ва фарҳанги миллӣ” ва омӯзгори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Азизмамадова Лутфия дар мавзӯи “Нақши фарҳангофаринии зан дар ҷомеа” баромад намуданд.

Бонувони донишгоҳ дар ҷамъбасти ҳамоиш ба хулоса омаданд, ки мо бонувон бояд ба фарҳанги миллӣ пайваста арҷгузорӣ намуда, баҳри ҳифз, ривоҷу равнақи он ҳиссагузорӣ намоем. Ҳамзамон ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба занон ва ҷалби онҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, пуштбонии хешро аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша амалан тадбиқ намоем.