ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК- АСОСИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

       🗓Санаи 21-уми декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бахшида ба “Рӯзи энергетикҳо” ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босурати кишвар, конференсияи илмӣ-назаривӣ таҳти унвони “Энергетикаи тоҷик – асоси пешравии иқтисодиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ибтикори факултети илмҳои табиӣ баргузор гардид.
       📍Дар кори конференсия ректори донишгоҳ Комилбек А.Ё., намояндаи Ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” Атобекова А. ҳайати устодон, донишҷӯён иштирок намуданд.
       📍Ректори донишгоҳ Амид Ёрбек дар ифтитоҳи конференсия ҳозиринро бо иди касбии “Рӯзи энергетикҳо” табрик намуда, аз дастовардҳо соҳаи гидроэнергетика Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ, инфросохтори он ва нақши барҷастаи соҳаи энергетика, захираҳои оби ҷумуҳурӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки имрӯзҳо донишгоҳ барои тақвият додани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои соҳаи энергетика, аз ҷумла Ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” ба роҳ мондааст.
       📍Атобекова А. – менеҷери шуъбаи мониторинг ва арзёбии Ширкати барқии “Помир Энерҷӣ” дар баромади худ оид ба самтҳои фаъолияти ширкат, дастовардҳо, нақшаҳои оянда ва нақши он дар тамини аҳолии ВМКБ бо нерӯи барқ қайд намуданд.
       📍Ҳамзамон устодони донишгоҳ Аҳмадзода Б.Р., Сарадбеков Р., Қадамов А.Қ. ва донишҷӯи курси якуми ихтисоси сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ Назаршоев И. дар масъалаҳои заминаҳои асосии рушди соҳаи гидроэнергетика, нақши калидии сохтмони НБО “Роғун” дар миқёси ҷаҳон, захираҳои гидроэнергетика ва роҳҳои таҳқиқу омӯзиши он, ҳифзи захираҳои об ва истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия ва нақши он дар иқтисодиёти сабз, тайёр намудани мутахассисони соҳа, тақвияти ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои соҳа ва ғ. баромадҳои илмӣ намуданд.