ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

🗓Санаи 21.12.2022. дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев семинари илмӣ-омӯзишӣ дар мавзӯҳои “Хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ” ва “Технологияи иттилоотӣ ва мубориза ба хатарҳои терроризм ва экстремизм” аз ҷониби номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлоназаров С.С. барои устодон доир карда шуд.

📍Дар семинар масалаҳои татбиқи консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти иқтисоди рақамӣ, заминаҳои татбиқи иқтисоди рақамӣ ва технологияи иттилоотӣ ва мубориза ба хатарҳои ҷаҳони имруза, қабили терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.

📍Дар ин семинари омӯзишӣ Мавлоназаров С.С. иброз намуданд, ки соли 2021 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зеро тамоюли асосии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ гузариш аз иқтисоди саноатӣ ба иқтисоди рақамӣ, ки дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) асос ёфтааст. Дар охири семинари мазкур байни миёни устодони мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

📍Ёдовар мешавем, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории судманд дар самти такмили ихтисос ва мубодилаи таҷрибаи устодону донишҷӯён ва магистрантон ба роҳ монда истодааст.