Ташрифи Муовини Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба М.Назаршоев
Дар доираи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, санаи 27.12.2022 боздиди муовини Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев баргузор гардид. Дар рафти боздид, ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек раиси ВМКБ-ро дар бораи раванди таълиму тарбия ва пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ маълумот доданд.
Дар рафти шиносоӣ, муҳтарам Алишер Худобердӣ аз ҳолати таълиму тадрис, фаъолияти устодон, корҳои тарбиявӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва рафти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар донишгоҳ аз ҷумла толори Шурои олимон, парки технологӣ, Маркази бизнес инкубатор, Маркази сайёҳӣ, лабороторияҳои муосири биология, физика, химия, геология, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, сангтарошӣ, утоқҳои кории устодон, ки соли таҳсили ҷорӣ азнавсозӣ карда шудааст ва раванди корҳои бунёдкорӣ дар самти ташкили Маркази муосири тестӣ, студияи сабткунӣ, китобхонаи илмӣ, синфхонаи лексионӣ шинос гардида, қанотмандии хешро аз раванди кору пайкори раёсати донишгоҳ ва ҳайати профессорону омӯзгорон изҳор намуда, қайд намуданд, ки тули 5 моҳи охир фаъолияти ҳамаҷонибаи роҳбарияти донишгоҳ баръало ҳис карда мешавад.
Раиси ВМКБ, муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ таъкид намуданд, ки бо истифодаи самараноки пойгоҳи техникию технологии донишгоҳ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тараққи додани саноати куҳӣ хосатан тадбиқи ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босурати кишвар амалӣ мешавад. Илова бар ин имконияти гиёҳшиносӣ, омӯзиш ва коркарди гиёҳҳои шифобахш ва тайёр намудани мутахассисони сайёҳӣ, ки ба иқлими вилоят хос аст мавҷуд мебошад. Қайд намуданд, ки ВМКБ бо шарофати таҳкими сулҳу субот ва тинҷию оромӣ имрӯзҳо имконияти васеъро доро буда, барои дастгирии ҳамешагии тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан донишгоҳ тамоми чораҳоро меандешад.
Дастур дода шуд, ки донишгоҳ бо истифода аз иқтидори зеҳнии худ муҳаррики пешбарандаи сиёсати давлатӣ ва иделогияи миллӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим, корҳои идеологию тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон, тарбияи донишҷуён дар руҳияи ҳуввияти миллӣ, ватандустдорию арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлолият ва пешгирӣ намудани ҳолати гаравиш наёфтани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарову ҷинояткор дастуру роҳнамоиҳо намуданд.