Рушди иқтисодӣ, иҷтимоии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои он

🇹🇯🤝📃📈КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ ба номи М.НАЗАРШОЕВ📈📃🤝🇹🇯

🗓Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев конференсияи байналмилалии илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Рушди иқтисодӣ, иҷтимоии Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои он» доир гардид.
🔎Дар кори конференсия олимону коршиносони ватанию хориҷӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва маърӯза намуданд. Дар маҷмӯъ зиёда аз 92 мақолаи илмӣ пешниҳод ва маҷмӯаи конференсия ба таб расонида шуд.
📢Конференсияро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ намуда, аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, ташаккули “иқтисоди сабз”, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ равона карда шавад” ёдовар шуда, оид ба пешрафту тараққиёти Тоҷикистон дар давраи истиқлолият, минҷумла пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон маълумоти муфассал дод.
📢Муовини раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Абдулназарзода А. дар баромади худ аз вазъи нозосгори сиёсати ҷаҳони имрӯза ёдрас намуда, қайд намуд, ки дар чунин вазъият Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот даст ба созандагиву бунёдкорӣ зада ҳамаҷониба муваффақиятҳои назаррасро ба даст овард. Номбурда дар суханрониаш оид ба сохтмонҳои азими кишвар ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ибрози ақида намуд. Қайд намуд, ки мо аҳли зиё ва кулли мардуми Тоҷикистони азиз бояд тамоми донишу таҷриба маҳорату малакаи худро барои пешрафти минбаъдаи ватани соҳибистиқлоламон равона созем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонда, барои наслҳои оянда ба мерос гузорем.
📍Сипас ба таври маҷозӣ ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалӣ дар мавзуи “Арзёбии вазъи иҷтимоӣ–иқтисодии кишвар дар ҳошияи амалишавии СМР то соли 2030” маърӯза намуда, оид ба дастовардҳо, мушкилот ҳалли онҳо ва дурнамоӣ иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар ибрози андеша намуданд.
📍Декани факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ Мамадаёзова Афсона доир ба “Хусусиятҳои муосири сармоягузорӣ дар рушди иқтисодиёти ВМКБ” маруза намуд.
📍Ҳамчунин дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи Саидасанов Ю. перомуни “Ваҳдати миллӣ омили асосии пешравии иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва мудири кафедраи биологияи умумии Донишгоҳи Саодатқадамова Т. дар мавзуи “Гуногунии биологии дарахтони мевадори Куҳистони Бадахшон” баромад намуданд.
📖Кори конференсия дар бахшҳо идома меёбад.