Маркази ҳуқуқшиносӣ
Аз моҳи июли соли 2025 дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев “Маркази ҳуқуқшиносӣ” ба фаъолият оғоз намуд.
Дар маросими ифтитоҳ Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ, роҳбарияти донишгоҳ, устодон ва донишҷӯён иштирок намуда, аҳамияти таъсиси чунин марказро барои таҳкими дониш ва таҷрибаи ҳуқуқии насли ҷавон махсус таъкид карданд. Қайд гардид, ки марказ ба як пойгоҳи устувори омӯзиши амалии фанҳои ҳуқуқ табдил хоҳад ёфт.
Ифтитоҳи ин марказ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, такмили малакаи амалии мутахассисони оянда ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Маркази ҳуқуқшиносӣ бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва Филиали Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳадаф дорад:
- Баланд бардоштани дониши ҳуқуқии донишҷӯён тавассути семинару тренингҳо, мизҳои мудаввар ва курсҳои иловагӣ;
- Тақвияти малакаҳои амалии ҳуқуқшиносон, аз ҷумла кор бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳои ҳуқуқӣ ва қабули қарорҳои касбӣ;
- Пешниҳоди машваратҳои ҳуқуқӣ ба донишҷӯён ва шаҳрвандон дар доираи фаъолияти таълимӣ–амалӣ;
- Таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои илмӣ–таҳқиқотӣ дар самти ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи гражданӣ ва соҳаҳои дигар.
Маркази ҳуқуқшиносӣ бо таҷҳизоти техникӣ, мебел ва адабиёти ҳуқуқӣ пурра таъмин мебошад.
Ифтитоҳи Маркази ҳуқуқшиносӣ қадами устувор ба сӯи тарбияи ҳуқуқшиносони болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Лаборанти Маркази ҳуқуқшиносӣ – Давлатмамадова Уснибегим Фарруховна.
















