Маркази сайёҳӣ

Маркази сайёҳӣ ва меҳмондорӣ соли 2023 бо ҳамкории Шарикони рушди минтақаҳои кӯҳистон таъсис дода шуд.

Мақсади асосии таъсиси марказ тайёр намудани мутахассисони соҳаи идоракунӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ буда, ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир ва эҳтиёҷоти рушди сайёҳии кишвар мебошад. Марказ ба таҳкими иқтидори донишҷӯён дар самти сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ, хидматрасонии меҳмондорӣ, идоракунии захираҳои сайёҳӣ ва рушди туризм дар минтақаҳои кӯҳистон равона шудааст.

Барои баланд бардоштани сифат ва сатҳи омӯзиш, дар доираи марказ маҷмӯи таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ аз фанҳои тахассусӣ ба донишгоҳ дастрас карда шудааст. Ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки донишҷӯён малакаҳои амалӣ ва касбии худро дар бахшҳои зерин такмил диҳанд:

  • Сайёҳии куҳнавардӣ (альпинизм);
  • Идоракунии хидматрасонии сайёҳӣ ва меҳмондорӣ;
  • Нақлиёт ва логистика дар туризм;
  • Бехатарӣ ҳангоми сафар ва корҳои саҳроӣ;
  • Тарҳрезӣ ва ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ;
  • Сайёҳии экологӣ ва устувор.

Марказ инчунин шароити мусоиди омӯзишӣ барои баргузории курсҳо, семинарҳо, мастер-классҳо ва барномаҳои кӯтоҳмуддатро фароҳам оварда, ба рушди малакаҳои амалии донишҷӯён ва омодасозии онҳо ба фаъолияти касбӣ мусоидат менамояд.

6D.KOA-087

КУРБОНБЕКОВА ГУЛАНГИС

Таърихи ҷойгиркунии рисола: 10.11.2025

КУРБОНБЕКОВОЙ ГУЛАНГИС ОШУРБЕКОВНЫ – ФИТОНИМИЧЕСКАЯ И ЗООНИМИЧЕСКАЯ ЛЕКСИКА В ГОРОНСКОМ ГОВОРЕ ТАДЖИКСКОГО ЯЗЫКА