Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим
Дар доираи ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии обу иқлим, рӯзи 7 январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев “Маркази омӯзиши ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим” таъсис дода шуд.
Марказ бо ҳамкории Дафтари Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, ҳадафи он омӯзиш ва татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амнияти обӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устувор мебошад.
Ҳадафи асосии фаъолияти таъсиси ин марказ таҳкими иқтидори илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи донишҷӯён, магистрантон ва муҳаққиқони ҷавон дар масъалаҳои идоракунии захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт мебошад.
Дар доираи фаъолияти марказ, мактаби тобистона ва мактаби зимистона бо ҷалби мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар таъсис дода шуда ин ба донишҷӯён ва омӯзгорон имконият дод, то дониш ва малакаҳои амалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, таҳлил ва идоракунии равандҳои иқлимӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро такмил диҳанд.



