Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим
🇹🇯💧☀️📖КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА ИСТИФОДАИ ОН ДАР АЛОҚАМАНДӢ БО ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ»📖☀️💧🇹🇯
📢Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва истифодаи он дар алоқамандӣ бо тағйирёбии иқлим» дар доираи соли 2025 – соли Ҳифзи пиряхҳо доир гардид. Дар кори конференсия ректори донишгоҳ доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода А. ва ҳайати професорону устодон, магистрантону доншҷӯён иштирок намуданд.
🏢Дар даромадгоҳи донишгоҳ оид ба масъалаи обу пиряҳо намоиши расму мусаввараҳо, китобҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва олимони тоҷик ташкил карда шуд, ки пеш аз оғози конфронс иштирокдорон аз он тамошо намуданд.
📢Конференсияро ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба проблемаҳои глобалии идоракунии захираҳои об дар ҷаҳони муосир ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим вобаста ба обу пиряҳо ёдовар шуд. Таъкид намуданд, ки бо заҳматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори пешсаф дар ҳалли масоили об дар миқёси ҷаҳон эътироф гардидааст.
🤝Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода А.А. баромад намуда аз ҷумла қайд намуданд, ки масъалаи дар конфронс гузошта шуда мумбрам буда, ҷиҳати гузаронидани таҳқиқотҳои васеъ заминаи мусоид мегузорад. Иброз намуданд, ки дар баробари чор ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон ташаббуси навбати ва саривақтии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14-декабри соли ҷорӣ аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Миллаи Муттаҳид пазируфта шуда, соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 март ҳамчун “Рӯзи байналмиллли пиряхҳо” эълон гардид. Ин руйдоди таърихӣ моро водор менамояд, ки дар самти пиряхшиносӣ ва ҳифзи он корҳои илмӣ-пажуҳиширо равнақ диҳем ва тарфаҳои идеологии ин ташаббусро ба ҷавонон ва аҳли ҷомеъа омӯзонем.
📢Дар қисмати ифтитоҳии конференсия олимону омӯзгорони донишгоҳ оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим роҳҳои идоракунӣ ва истифодабарии сарватҳои табиӣ, самаранок истифода намудани захираҳои об, хатарҳои таъсири тағйирёбии иқлим ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва роҳҳои ҳалли он бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
📃Ёдовар бояд кард, ки ба конференсия маърӯзаҳои илмӣ перомуни масъалаи тағйирёбии иқлим, обу пиряхҳо аз донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмии ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.
Баъди хотимаи қисмати ифтитоҳӣ, конференсия корашро дар бахшҳои илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва илмҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ идома дода, дар назар аст, ки рӯзи 6-уми май ҷамъбаст мегардад.
📖Дар хотимаи конференсия омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки дар фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илм ва инноватсия, инчунин ташвиқи сиёсати давлат саҳми арзанда гузоштанд бо нишонаи “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.