ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВМКБ БО ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНУ УСТОДОНИ ДДХ БА НОМИ М. НАЗАРШОЕВ

🗓30.01.2023 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев вохӯрии муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ВМКБ Ниятбеков Ғолиб вобаста ба ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ доир гардид.
🤝Вохӯриро ректори Донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек ифттитоҳ намуда иброз доштанд, ки Донишгоҳ ягона муассисаи олӣ касбӣ дар вилоят буда, ҳайати омӯзгорону профессорон он дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва ташвиқу тарғиби сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми боризро гузошта истодаанд.
📍Ҳамзамон муовини Раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева иброз доштанд, ки Донишгоҳ макони бузурги илмию маърифатӣ дар вилоят ба ҳисоб меравад. Нақши устодони ин боргоҳи илму ҳунар дар тарбияи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон бузург мебошад. Муссалам аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ҳодисаҳои мураккабу даҳшатноке фаро грифтанд, ки ин раванд аз ҳар як омӯзгор маъсулияти баланд дар таълиму тарбияи насли ҷавон талаб менамояд. Фазои иттилоотии ҷаҳони имрӯз хеле мураккаб мебошад. Дар шароити ҳозира гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохиливу хориҷӣ бо ҳар роҳу восита ҷавононро ба доми худ кашида, дар амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, мо бояд дар тарбияи дурусти ҷавонон диққати асосӣ равона намоем.
📍Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ Ниятбеков Ғолиб иброз доштанд, ки донишгоҳ ягона муассисаи таълими дорои имконияти бузурги зеҳнию маърифатӣ дар вилоят буда, ҳайати омӯгорону профессорони донишгоҳро мебоист имрӯз дар бархурдҳои шадиди иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол бошанд.
🤝Ректори донишгоҳ Комилбек Амид Ёрбек дар фаровари вохӯрӣ иброз доштанд, ки омӯзгорону кормандони донишгоҳ бо як иродаи қаввӣ ва умед ба ояндаи дурахшони ватани маҳбубамон Тоҷикистон дар таълиму тарбияи насли наврас фаъолона иштирок намуда, сиёсати маъорифпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кору пайкори худ амалӣ менамоянд.
📍Дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор доир гардид.