Кафедраи таҳлили математикӣ

Мудири кафедра, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Холмамадова Ш.А.

Кафедраи таҳлили математикӣ соли 1992 дар заминаи факултети “Илмҳои табии” ташкил шуд. Мудирии кафедраро номзади илмҳои физикаю математика Холмамадова Ш.А. ба ўҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1-нафар доктори илмҳои физикаю математика, профессор Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ, 1 нафар – номзади илмҳои физикаю математика, профессор Абдулофизов Шерғозӣ, 2 — нафар номзади илмҳои физикаю математика, дотсентон 3 Мамадаёзов Н.М., Холмамадова Ш.А., 1 нафар – номзади илмҳои физикаю математика Давлатбеков Ф.Д., 2-нафар муаллими калон Вафобеков Д. ва Асадбекова Г.Д., 5 ассистентон Шораҳматуллоева З.М., Файзуллобекова В.Т., Довутов Ф.М., Мирзонаботов Р.М., ва Фезаков М.Қ. машғул мебошанд.

Кафедраи таҳлили математикӣ барои ихтисосҳои 1-020501 – математика, дар зинаи бакалавр ва 1-020501 – математика дар зинаи магистр, ва 6D060100 — таҳлили математикӣ дар зинаи PhD- доктор аз рӯи ихтисос ҳачун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра дар самти назарияи наздиккунии функсияҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 6 китоби дарсӣ, зиёда аз 14 дастури методӣ, 150 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Кафедра бо Институти математикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ғайра алоқаи зич дорад.

Дар солҳои гуногун вазифаи мудири кафедраро профессор Имомназаров Б.(1992-1996), Абдулофизов Ш.(1996-2002), Пиров Ҳ.(2002-2008), Асадбекова Г.Д.(2008-2009), Мамадаёзов Н.М.(2009-2012), Парвонаева З.А.(2012-2019), Давлатбеков Ф.Д.(2019-2021) ба ӯҳда доштанд. Айни замон вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физикаю математика Холмамадова Ш.А. ба ӯҳда дорад.