КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Кафедраи забони тоҷикӣ дар заминаи кафедраи забон ва адабиёти тоҷик соли 2002 ташкил ёфта буд. Нахустин мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик номзади илмҳои филологӣ, датсент З. Назарова буда, баъдтар сарварии онро доктори илмҳои филологӣ Назрӣ Офаридаев ва сонӣ муаллими калони кафедра Фозилов Дорғабек ба уҳда доштанд.
Аз рӯзи таъсисёбии донишгоҳ дар бахши забон ва адабиёти тоҷик олимони шинохтаи ҷумҳурӣ: профессор Н. Офаридаев; профессор Д. Карамшоев, профессор Н. Шакармамадов, профессор М. Файзов, номзади илмҳои филологӣ А. Чароғабдолов номзадони илми филология З. О. Назарова, А. Мирбобоев, шоирон С. Ҳалимшо, С. Шоҳзода, А. Мирхоҷа ва дигарон дар соҳаҳои мухталиф таълиму тадрис намудаанд.
Соли 2002 кафедраи забон аз кафедраи адабиёт ҷудо шуда, вазифаи мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва забонҳои шарқ ба зиммаи доктори илми филологӣ Шодихон Юсуфбеков гузошта шуд. Онҳо дар ташкил ва пешрафти фаъолияти кори таълимӣ, методӣ ва илмии кафедра саҳми арзандаи чашмрас гузоштанд. Баъдтар мудири кафедра номзади илми филологӣ, дотсент А. Насрадиншоев, номзади илми филологӣ Д. Қодиров, номзади илми филологӣ, дотсент Д. Фозилов номзади илми филологӣ С. Қурбонмамадов, доктори илми филологӣ, профессор М. Аламшоев ва номзади илми филологӣ С. Холиқназарова пайи ҳам сарварии кафедраро дар солҳои минбаъда идома доданд.
Дар кафедраи забони тоҷикӣ ҳоло номзади илми филологӣ, дотсент М. Броимшоева сарварӣ менамояд. Дар кафедраи забони тоҷикӣ 14-нафар омӯзгор ба таълиму тадрис ва корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд. Аз онҳо устодони пуртаҷриба Н. Офаридаев-доктори илмҳои филологӣ, профессор; М. Аламшоев-доктори илмҳои филологӣ, профессор; С. Абодуллоева-доктори илмҳои филологӣ, профессор, Д. Фозилов-номзади илмҳои филологӣ, дотсент; А. Насрадиншоев-номзади илмҳои филологӣ, дотсент; М. Броимшоева- номзади илмҳои филологӣ, дотсент; Б. Ҷумъаева –номзади илмҳои филологӣ, дотсент, муаллимони калон М. Мирзоҳасанова; С. Шосафоева; Ф. Зоолшоева; ассистент Д. Фозилова дар раванди таълим ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кор ва фаъолияти самараноки арзишмандро ба ҷо оварда истодаанд.
Имрӯз муаллимони пуртаҷрибаи соҳиби маҳорати баланди омӯзгорӣ Н. Офаридаев., С. Абодуллоева., Д. Фозилов., А. Насрадиншоев., М. Броимшоева., Г. Раҳматуллоева., Б. Ҷумъаева., Н. Қамбаров., С. Мирзошоев ва дигарон ба донишҷӯён аз ихтисосҳои гуногуни соҳаи филология таълим медиҳанд ва ба тарбияи донишҷӯён машғуланд.