ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

Декани факултет номзади илми филология, дотсент Г. Раҳматуллоева

Факултети филологияи тоҷик соли 2005 аз факултети таърих ва филологияи тоҷик ҷудо шуда, то ҳол чун факултети мустақил фаъолият дорад. Факултети филологияи тоҷик дорои ҷанбаи баланди зеҳнӣ буда, айни ҳол дар таълиму тарбияи донишҷўён 28-нафар ҳайати професорону омӯзгорон ва кормандон ба таълиму тарбия машғуланд. Дар қатори онҳо 4-нафар доктори илм, профессор; 12-нафар номзади илм, дотсент; 6-нафар муаллими калон; 7-нафар ассистент; 4-нафар кормандони ёрирасон фаъолият доранд.

Факултети филология аз рӯи ихтисосҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти тоҷик-маърифати оиладорӣ, забон ва адабиёти тоҷик-забони англисӣ, рузноманигорӣ, забонҳои шарқ (форс) дар шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ мутахассисонро тайёр мекунанд.

Айни ҳол дар факултет 129 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод дар гурӯҳи буҷавӣ 107-нафар, дар гурӯҳи шартномавӣ 22-нафар ва тибқи квотаи Президентӣ 6-нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд. Инчунин дар назди кафедраҳои факултет 8-нафар магистрант ва 2-нафар докторант PhD таҳсил доранд.

Дар факултет 3 кафедра: кафедраи забони тоҷикӣ, мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, М. Броимшоева; кафедраи адабиёт ва журналистика, мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ, дотсент Н. Қамбаров; кафедраи забонҳои шарқ мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Б. Ҷумъаева фаъолият мекунанд.

Дар факултети филологияи тоҷик 3 маҳфили илмӣ таҳти унвони «Гулафшон», «Забоншиносӣ» ва «Суханшиносӣ» фаъолият доранд.

Дар тули фаъолияти 30-сол устодони факултет китобҳо ва монографияҳои илмии зиёдеро марбут ба проблемаҳои забону адабиёти тоҷик, фолклоршиносӣ, адабиёти шарқ ва забонҳои померӣ аз чоп баровардаанд. Устодони факултет дар сименарҳо ва коференсияҳои илмӣ чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он ширкат меварзанд.

Дар баробари ин хатмкунандагони факултет дар идораҳои давлатӣ ва ғайрдавлатӣ ҳамчун мутахассисони касбӣ кору фаъолият менамоянд.

Аз солҳои таъсисёбии факултет вазифаи декани факултетро доктори илми филология Н. Офаридаев (2004-2005), сипас номзадони илми филология Л. Давлатбеков (2006-2007), Р. Шофақирзода (апрел 2007-декабри 2007), А. Насрадиншоев (2007-2012; 2015-2022.) ба уҳда дошта, аз моҳи сентябри соли 2022 то инҷониб вазифаи декани факултетро номзади илми филология, дотсент Г. Раҳматуллоева ба уҳда дорад.