ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ФИЗИКА

Декани факултет, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Заргаров Ҷ.Ҷ. 

Факултети математика ва физика аввал ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ амал намуда, аз соли 1993 таъсис ёфта, то инҷониб чун факултети мустақил фаъолият дорад. Факултети математика ва физика дорои нерӯи баланди зеҳнӣ аст ва айни ҳол дар таълиму тарбияи донишҷӯён 47 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба таълиму тарбия машғуланд. Дар қатори онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар номзади илм, профессор, 7 нафар номзадони илм, 13 нафар омӯзгори калон, 18 нафар ассистентон, 6 нафар кормандони ёрирасон ва 1 нафар устоди ҳамкор фаъолият доранд.

Факултети математика ва физика аз рӯи ихтисосҳои 1-020501- математика, 1-310303-02- математикаи амалӣ, 1- 310304-информатика, 1-980101-01-амнияти компютерӣ, 1-020502-физика ва 1-02050405- астрономия дар шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Айни ҳол дар факултет 318 нафар донишҷӯ, аз ин миқдор 244 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва 74 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, инчунин тибқи квотаи Президентӣ 69 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Дар назди кафедраҳои факултет 9 магистрант ва 3 докторант аз рӯи ихтисоси PhD ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули фаъолият зиёда аз 4500 нафар буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чун мутахассиси беҳтарин фаъолият доранд.

Факултети математика ва физика маркази асосии тайёр кардани кадрҳои илмию-омӯзгорӣ барои мактабҳои олӣ ва муаллимони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар факултет 3 маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Алҷабр”, “Технологияи муосир” ва “Ҳалли масъалаҳои физикӣ” фаъолият доранд.

Дар назди факултет се кафедра: кафедраҳои таҳлили математикӣ, таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ ва кафедраи физикаи умумӣ фаъолият менамоянд. Корҳои илмӣ-тадқиқотии факултет ба назарияи наздиккунии класси функсияҳои гуногун, сохтани модели математикии масъалаҳои иқтисодиёти ВМКБ ва таҳқиқотҳои раванди сейсмики дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он бахшида шудаанд.

Вобаста ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ то ин замон аз ҷониби устодони факултет 6 китоби дарсӣ, 1000 мақолаи илмӣ, 80 дастури таълимӣ-методӣ ва асарҳои илмӣ ба чоп расонида шудаанд. Омӯзгорони факултет дар симпозиум, конфронсҳо ва семинарҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат меварзанд.

Факултет бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллӣ ҳамкорӣ дорад. Омӯзгорони факултет аз рӯи барномаи HiEdTec бо лоиҳаи “Модернизатсияи таҳсилоти олӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ” ва донишҷӯён бо лоиҳаи “Digital future cap” ҳамкорӣ доранд.

Ҳамкории факултети математика ва физика бо муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи Осиё Марказӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ, Институти физика ва техника ба номи С.У. Умарови АМИТ ва дигар муассисаҳои бонуфузи кишвар.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро профессор Имомназаров Б. (1993-1997), дотсент Шогунбеков Ш. (1997-1999), дотсент Некқадамов Ш. (2000-2007, 2019-2021), дотсент Зарифбеков М. (2007-2012), Мавлоназаров М. (2013-2019) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2021 дар вазифаи декани факултет номзади илмҳои физикаю математика Заргаров Ҷ.Ҷ. мебошад.