Факултети Биология

Декани факултет номзади илмҳои биологӣ Наврузбекова М

Факултети биология яке аз факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба шумор меравад, ки аз аввали ташкилёбии Донишгоҳ (1992) фаъолият дорад. Аввал ҳамчун шуъба дар ҳайати факултети илмҳои табиӣ ва аз соли 2002 то инҷониб чун факултети мустақил фаъолият дорад. Факултети биология дорои нерӯи баланди зеҳнӣ аст ва айни ҳол дар таълиму тарбияи донишҷӯён 47 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандон ба таълиму тарбия машғуланд. Дар қатори онҳо 1 нафар академик ва 1 нафар узви вобастаи АМИТ, 3 нафар докторони илм, профессор, 9 нафар номзадони илм, 10 нафар омӯзгори калон, 20 нафар ассистентон, 3 нафар кормандони ёрирасон ва 10 нафар устоди ҳамкор фаъолият доранд.

Факултети биология аз рӯи ихтисосҳои биология, биоэкология, экология, география, география бо асосҳои иқтисод, сайёҳат ва меҳмондорӣ, дефектология, логопедия, сурдопедагогика, кори тиббӣбиологӣ дар шуъбаҳои рӯзонаю фосилавӣ мутахассисони касбиро тайёр менамояд.

Айни ҳол дар факултет 474 нафар донишҷӯ, аз ин миқдор 340 нафар донишҷӯ дар шуъбаи рӯзонаи зинаи таҳсилоти бакалавр ва 134 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, инчунин тибқи квотаи Президентӣ 34 нафар донишҷӯ таҳсил доранд. Дар назди кафедраҳои факултет 4 магистрант ва 6 докторанти PhD ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Теъдоди хатмкунандагони ихтисосҳои факултет дар тули фаъолият зиёда аз 2000 нафар буда, онҳо дар муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар чун мутахассиси беҳтарин фаъолият доранд.

Факултети биология маркази асосии тайёр кардани кадрҳои илмию-омӯзгорӣ барои мактабҳои олӣ ва муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар факултет 2 маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Географон ва сайёҳони ҷавон” ва “Нозирони сабз” фаъолият доранд.

Дар назди факултет ду кафедра-кафедраҳои биологияи умумӣ, биоэкология ва туризм фаъолият менамоянд. Корҳои илмӣтадқиқотии факултет ба омӯзиши мушкилот ва дурнамои рушди сайёҳӣ дар ҳудуди ВМКБ, таҳқиқи гуногуннамудии биологии олами набототу ҳайвонот, маҳсулнокии растаниҳои баландкӯҳ бахшида шудаанд.

Вобаста ба иҷро корҳои илмӣтадқиқотӣ айни замон аз ҷониби устодони факултет 18 монография, 8 китоби дарсӣ, 1- патент, 1000 мақолаи илмӣ, 80 дастури таълимӣметодӣ ва асарҳои илмӣ ба чоп расонида шудаанд. Устодони факултет дар симпозиум, конфронсҳо ва семинарҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат меварзанд.

Факултет бо барномаҳо ва лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, байналмиллӣ ҳамкорӣ дорад. Дар доираи Барномаи “Рушди таҳсилот”, Бонки умумиҷаҳонӣ дар назди факултет озмоишгоҳҳои экологияи таҷрибавӣ ва биотехнология кушода шудаанд ва ин озмоишгоҳҳо бо асбобҳои замонавӣ таҳҷизонида шудаанд. Дар баробари ин дар назди факултет 2 пойгоҳи илмӣтадқиқотӣ (гармхонаҳо) фаъолият доранд.

Ҳамкории факултети биология бо муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати рушди сайёҳии ВМКБ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи Осиё Марказӣ, Пажӯҳишгоҳи биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков, Ассотсиатсияи экофарҳанги сайёҳии Помир, Муассисаҳои ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табии ВМКБ, Боғи ботаникии Помир, хоҷагии ҷангали вилоят ва дигар муассисаҳо.

Дар солҳои гуногун вазифаи декани факултетро доктори илмҳои биологӣ, профессор Мамадризохонов А. (2002- 2009, 2015-2021), дотсент Саодаткадамова Т. (2009-2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2021 дар вазифаи декани факултет номзади илмҳои биологӣ Наврузбекова М. мебошад.