КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС
Мудирии кафедра, муаллимаи калон Тавакалова Наргис
Кафедраи забон ва адабиёти рус соли 2003 бо ташаббуси ректори он вақтаи ДДХ ба номи М. Назаршоев Мирганд Шаҳбозов ва номзади илмҳои филологӣ Мирзоев Шоҳназар бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани тадриси забон ва адабиёти рус таъсис ёфт. Мудирии кафедраро айни замон муаллимаи калон Тавакалова Наргис ба ўҳда дорад.
Дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷуён 2 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсентон Мирзоев Ш. ва Тойчиев М.Т., 7 нафар муаллимони калон Абдураҳмонов Д., Акдодова Ш. А, Шакармамадова Л. Р., Раҳимов К. Д, Мамадризохонова С.А, Тавакалова Н.Қ., Диловаршоев Д.К., 7 нафар ассистентон Мамадамонова С.Н., Назирова С.А., Бобоева М.Ф., Зоолшоева Ж,Л., Қурбонбекова Г.О., Шогунбекова А.А., Оғоева Ҳ.С. машғул мебошанд.
Кафедраи забон ва адабиёти рус барои ихтисоси 1-21050108– забон ва адабиёти рус дар зинаҳои бакалавр ва магистр ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад. Ҳайати устодони кафедра дар самти типологияи муқоисавии забонҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пеш мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 2 китоби дарсӣ, 3 монография, зиёда аз 10 дастури методӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Соли 2021 дар Донишгоҳ Маркази забони русӣ («Русский центр») кушода шуд, ки барои ривоҷу равнақ додани омӯзиши минбаъдаи забони русї мусоидат мекунад.
Дар давоми фаъолият кафедраи забон ва адабиёти рус дар баланд бардоштани мақоми забони русӣ дар ҷомеа, тарбияи мутахассисони фани забон ва адабиёти рус, ташкили усулҳои нави забони русӣ, дар баланд бардоштани потенсиали илмии Донишгоҳ саҳми босазое гузошта истодааст.
Кафедра бо кафедраҳои соҳавии муассисаҳои олии касбӣ ва институтҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои судманд дорад.
Кафедраро дар солҳои гуногун устодон Мирзоев Ш., Шакармамадова Л., Абдулҳамидова П., Ширинова Ҳ., Гуламадшоева Н. К. роҳбарӣ намуда, аз соли 2022 дар вазифаи мудири кафедра Тавакалова Наргис мебошад.