Кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими фанҳо

Кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим аз аввали таъсиёбии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев фаъолият намуда то ҳозир яке аз кафедраҳои пешқадам кору фаъолият намуда истодааст. Самти асосии кафедра омода намудани кадрҳои педагогӣ ва равоншиносӣ ба шумор рафта, аз ибтидо то ҳозир ҳазорҳо нафар мутахассисонро барои хоҷагии халқ ва муассисаҳои соҳаи маориф омода намуда истодааст. Дар кафедра 23 нафар омӯзгор, 1- нафар коргузор фаъолият намуда аз онҳо 4- нафар номзади илм, 1- нафар доктори илмҳои педагогӣ, 6-нафар саромӯзгор ва 12 – нафар омӯзгор ба фаъолият педагогӣ машғул ҳастанд.

Кафедра оид ба масъалаҳои мубрами соҳа: “Омода намудани омӯзгорони ҷавон ба соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар шароити инноватсионӣ”, “Омӯзиши праблемаҳои тарбиявӣ ва таълимӣ дар мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ” корҳои пажӯҳишӣ менамояд.

Дар назди кафедра 3 унвончӯ ва 3 аспирант дар доираи мавзуъҳои номзадӣ ба корҳои илмӣтаҳқиқотӣ машғуланд.