КАФЕДРАИ ТАЪРИХ ВА ДИНШИНОСӢ
Кафедраи таърих ва диншиносӣ яке аз нахустин кафедраҳои факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шахри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев мебошад, ки соли 1993 дар заминаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ таъсис ёфта буд. Кафедра то соли 1994 бо номи кафедраи фанҳои чамъиятшиносӣ ва аз соли 1994 бо номи кафедраи таърихи умумӣ амал намудааст. Аз моҳи июни соли 2021 то имрӯз он бо номи кафедраи таърих ва диншиносӣ фаъолият карда истодааст.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1-нафар доктори илмҳои таърих, профессор Ҳоҷибеков Элбон, 4 нафар – номзади илмҳои таърих, дотсент Алимшоев Мамадризо Мамадҳасанович, Шоинбеков Аловиддин Абдуллобекович, Сафарқулова Гулмоҳ Юсуфшоевна, Мамадсалимов Насим Абдулазизович, 2 – нафар муаллими калон Карамшоева Гулчеҳра Қадамшоевна., Наврузбекова Ҳусноро Давлатшоевна, 3-нафар ассистентон Дилдоров Гулшер Алибекович, Худобердиев Розиқ Боронбекович, Қурбонбекова Ҳамида Масруровна машѓул мебошанд.
Кафедраи таърих ва диншиносӣ барои ихтисосҳои 1-020101 – таърих, 1-020102-06 – Таърих (Таърихи дин) дар зинаи бакалавр ва 1-020101 – таърих дар зинаи магистр, 6D 020300 – Таърих дар зинаи доктор фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳайати устодони кафедра дар самти таърих, этнографияи Бадахшон дар замони Шӯравӣ ва то инқилобӣ корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 4 монография, 13 китоб, зиёда аз 15 дастури методӣ, 2 патент, 300 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Кафедра бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б.Искандаров, Институти таърих ва бостоншиносӣ ба номи А.Дониш, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ, самти таърихи Академияи илмҳои табии (РАЕ), Кунст Камераи Санкт–Петербург, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров ва ѓайра алоқаи зич дорад.
Мудири аввалини кафедраи номбурда, номзади илмҳои таърих, дотсент Қурбонбек Элчибеков (1993-1995) буд. Баъдан дар солҳои гуногун мудирони ин кафедра Мансурова Оламгул (1995–2003), Шодмонбеков Юсуф (2003-2004), Ҳоҷибеков Э. (2004-2016), буданд. Ҳоло сарварии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент Сафарқулова Гулмоҳ ба ӯҳда дорад.