Кафедраи физикаи умумӣ

Мудири кафедра, дотсент Фелалиев Р.С.

Кафедраи физикаи умумӣ соли 1998 дар заминаи кафедраи фанҳои табии-илмӣ ташкил шуд. Мудирии кафедраро дотсент Фелалиев Р.С. ба ӯҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 4 нафар-номзадони илмҳои физика ва математика, дотсентон Некқадамов Ширинбек, Мирзоев Одина, Фелалиев Рустам, Шозиёев Шокарим, 4-нафар муаллими калон Сулаймонов С, Қадамов А, Худоназаров М, Сафоназарова З., 3-нафар ассистентон Саркорова А, Одинашоева М, Ақсақолов Ф., 2 нафар кормандони ёрирасон машғул мебошанд.

Кафедраи физикаи умумӣ барои ихтисосҳои 02050200-Физика, 02040200-Астрономия, дар зинаи бакалавр ва дар зинаи магистр, ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра дар самти физика ва астрономия корҳои илмӣ тадқиқотиро мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 6 китоби дарсӣ, 4 монография, зиёда аз 30 дастури методӣ, 80 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Дар кафедраи физикаи умумӣ 2 лаболаторияи илмӣ бо таҳҷизотҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Инҳо лаболаторияҳои физикаи электрикӣ, оптика, механика ва молекула мебошанд. Кафедра бо Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, Институти биологии Помир, Донишгоҳи давлатии Москва, Физико-технический институт Санк Петербург, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва ғайра алоқаи зич дорад.

Дар солҳои гуногун вазифаи Некқадамов Ш. (1998-1999, 2009-2012, 2015-2018), Мирзоев О. (1999-2009), Қадамов А. (2012-2015, 2021-2022) Шозиёев Ш. (2018-2021) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2022 дар вазифаи мудири кафедра дотсент Фелалиев Р.С. фаъолият намуда истодааст.