Кафедраи биологияи умумӣ

Кафедраи биологияи умумӣ дар заминаи кафедраи фанҳои табии илмӣ соли 1992 таъсис дода шуд. Мудири кафедра н.и.б., дотсент Содатқадамова Т.М. мебошад.

Айни ҳол дар кафедра 1 академики АМИТ (Фелалиев А.С.), 1 нафар Узви Вобастаи АМИТ (Абдуламонов Қ.), 1 профессор (Сабоив С.), 6 номзади илм (Наврузбекова М.Д., Хусравбекова З.Г., Хуҷамзода Г.Д., Абдулназаров А.Ғ., Исмоилов М.Т., Хуҷаназарова Г.С.), 7 муаллими калон (Куканбекова М.С., Сабоиева Н.С.,Ёрмамадова А.Ё., Алиназарова М.Р.,Гуламадшоева Л.Г., Саидгулова У. Шомамадова З.Д.,) ва 7 ассистент (Мирзоева Р.Д., Асматбекова Ф.Ё., Броимшоева М.А., Мамаднасимова Г.М., Шозодаҳасанова Ф.,Одилбекова М.Қ.,Назармамадова М. О., 2 нафар коргузор Карамхудоева Ф. Р., Алидодова Г. кору фаъолият доранд.

Кафедра барои ихтисосҳои 1-10 20 401-Биология, 1-50103-Био-экология, 1-800 20-кори тиббӣ-биологии зинаи бакалавриат ва ихтисоси биологияи умумии зинаҳои магистратура, докторантура аз рӯи ихтисоси PhD, ҳамчун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Аз тарафи ҳайати профессорон ва омӯзгорони кафедраи биологияи умумӣ дар самти корҳои илмӣтадқиқотӣ зиёда аз 10 монография, 600 мақолаи илмӣ, 20 тавсияномаи илмӣ, 50 дастури таълимӣметодӣ ва инчунин асарҳои илмӣ ба чоп расонида шуданд.

Ҳайҳати омӯзгорони кафедра аз руйи самти “Омӯзиши олами наботот ва ҳайвоноти Тоҷикистон, омӯзиши маҳсулнокии набототи баландкӯҳи Помир” корҳои илмӣ тадқиқотиро пеш бурда истодаанд.

Дар кафедра ду озмоишгоҳи замонавӣ “Озмоишгоҳи экологияи таҷрибавӣ ва Биотехнология” бо таҳҷизоти беҳтарини сатҳи байналмиллалӣ таҳҷизонида, фаъолият намуда истодаанд.

Кафедраи биологияи умумӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Институти биологии Помир ба номи Х.Юсуфбеков, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии ба номи Ш.Шоҳтемур, Институти ботаника, генетика, физиология ва биохимияи растаниҳои АМИТ, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, стансияи эпидемологии ВМКБ ҳамкории зич дорад.

Ба ҳайси мудири кафедра дар солҳои гуногун дотсент И.Қонунов (1992-1994), профессор А.Ниятбеков (1994-1996), профессор А.Мамадризохонов (1996-1998), профессор Г.Раҳмихудоев (1999-2002), дотсент А.Абдулназаров (2002-2005), профессор С.Сабоиев (2005-2011), дотсент М.Наврузбекова (2011-2012), дотсент Хусравбекова З.Г. (2012-2022) фаъолият намудаанд.