КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Кафедраи забонҳои хориҷӣ соли 1993 дар заминаи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълимдиҳии фанҳо аз Донишкадаи омӯзгории ба номи С. Айнӣ ташкил шуд. Мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Мамадамбарова Шарофат ба ӯҳда дошт. Айни ҳол кафедраро доктори илмҳои филологӣ, профессор Мамадасламов Мамадсаид Саидасламович ба ӯҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷӯён 1-нафар доктори илмҳои филологӣ, профессор Мамадасламов Мамадсаид Саидасламович, 5 нафар – муаллимони калон Яқубова С.М., Раҷабова Н.К., Абодуллоева Р. Назирова М. Шамиров С.Қ., 6 нафар ассистентон Сайфуллобекова С.А., Музофиршоев Т.С., Ақназарова М.Х., Мамадалива Л.С., Кайковусова С. К., Хусравбекова Б, Д. ва 1-нафар лаборант Саидакрамова Р. М. машғул мебошанд.

Дар кафедра фанҳои тахассусии забоншиносӣ, инкишофи нутқи даҳонӣ ва хаттӣ, грамматикаи амалӣ, фонетикаи амалӣ, луғатшиносӣ, фонетикаи назариявӣ, грамматикаи назариявӣ, таърихи забонҳо (англисию- немисӣ), адабиёти олмон, кишваршиносӣ, услубшиносӣ, таърихи муқоисаи типологии забонҳо, назарияи тарҷумонӣ, шарҳи матни бадеӣ, рушди маҳорати хониш, методикаи таълими забони олмонӣ, услуби луғатшиносӣ барои ихтисосҳои 1-510101 –дар зинаи бакалавр ва 1-510101 дар зинаи магистр омӯзонида мешавад ва ҳачун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад. 

Ҳайати устодони кафедра дар самти забоншиносӣ, омузгорони барои муҳасисаҳои умумии миёнаю-олӣ кадрҳои баландихтисосро тайёр мекунад, инчуни дар кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотиро пеш мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устоди кафедра Мамадасламов М. С. 3 монография, 1 адад дастури методӣ, 1 адад маҷмўи мақолаҳо да ҳаҷми 250 саҳифа ба чоп омода шудаст,1 адад китоби дарсӣ “Граматикаи амали” барои донишҷўёни гурўҳои миллӣ дар бо ҳаммуаллифони кафедраи забонҳои хориҷӣ Яқубова С.М., Хусравбекова Б. Раҷаббеков М. ба чоп омода шудааст, зиёда аз 4 дастури методӣ, 96 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Кафедраи забонҳои хориҷӣ бо факултети роман-германии Донишгоҳи омузгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тољикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва ғайра алоқаи зич дорад.