КАФЕДРАИ ФИЛОЛОГИЯИ АНГЛИС

Кафедраи забони англисӣ, ки соли 1994 таъсис ёфтааст, ҳамчун кафедраи забоншиносӣ назариявӣ дар бахшҳои забоншиносӣ ва типологияи забонҳо фаъолият мекунад. Мудирии кафедраро муаллими калон Бобова. Д. ба ӯҳда дорад.

Кафедраи филологияи англис яке аз кафедраҳои бонуфузтарини факултет ба ҳисоб меравад. Дар кафедра устодони бомаҳорату кордон ва пуртачриба ба кор ҷалб карда шуда шумораи ҳайати кормандони ин кафедра ба 17 нафар мерасад. Дар кафедра 1-нафар номзади илмҳои филологӣ, 7-нафар муаллимони калон 9-нафар ассистентон кору фаъолият доранд.

Кафедра аз рӯи ихтисоси «Забоншинос-тарҷумон» «Забоншинос-омӯзгор» «Чинӣ-информатика» бакалавр ва мутахассис тайёр мекунад. Доираи васеи фанҳо, ки асоси нақшахои таълимии тайёр кардани ин мутахассисонро ташкил медиханд, аз сифати баланди тайёр кардани мутахассисони оянда шаходат медихад.

Бояд гуфт, ки дар назди кафедра «Маркази рушди забони англисӣ» фаъолият менамояд, ки дар он тамоми чорабиниҳои кафедра дар сатҳи баланд баргузор мегарданд. Тибқи накша дар марказ махфилҳо аз кабили «Discussion club», «Debate club», «Listen and Speak», «Watch and Speak» ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.

Доираи таваҷҷуҳи илмии устодони кафедра ҷанбаҳои забоншиносии муқоисавӣ, типологӣ, назария ва амалияи тарҷума, ҷанбаҳои сохторӣ ва семантикии лексика, забоншиносии матн ва дискурс, тадқиқот дар соҳаҳои этнолингвистика, этнопедагогика ва когнитивиро дар бар мегирад.Талабот нисбат ба фаъолияти касбии муаллимон, ки мунтазам тағйир меёбад, ба шароити нави ичтимоӣ бештар мухолиф аст.Мутахассисони кафедра дар рафти просесси таълим маданияти навшудаи фаъолияти педагогӣ ташаккул мекунанд. Омӯзгорон дар семинарҳои байналхалқӣ иштирок намуда маҳорати фаъолияти педагогии худ, усулҳои нави таълими замонавӣ, истифодаи технологияи нав дар рафти дарс тавассути кумаки азими Сафорати Амрико яъне дар курсҳои ETM,EWB,TEA, FULBRIGHT иштирок намуда, дар инкишофи дониши хонандагон саҳми калон гузоштанд.

Бояд гуфт, ки хатмкунандагони мо дар созмонҳои мухталифи кишвар ва берун аз он кор ва фаъолият дошта дар фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои илмию фарҳангии Чумҳурии Точикистон дар кишварҳои хориҷа накши босазо хоҳанд бозид.

Дар солҳои гуногун ба ҳайси мудири кафедра дотсентон Ҷамшедов П. , Ч.Элсӣ, Мамадамбарова Ш., Дустамбаева Г., Раҷабеков М., Имматшоева М. роҳбарӣ намуда, аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи мудири кафедраи мазкур Бобова Д. фаъолият менамояд.