Кафедраи фанҳои муҳандисӣ

Мудири кафедра, муаллими калон Назриев Ҳ. Қ.

Кафедраи фанҳои мухандисӣ соли 2017 дар заминаи кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ ва кафедраи физика ва сохтмони гидротехникӣ ташкил шуд. Мудири кафедра муаллими калон Назриев Ҳ. Қ. ба уҳда дорад.

Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишҷўён 1-нафар доктори илмҳои техникӣ, профессор Аҳмадзода Баҳром Раҷаб, 1 нафар – номзади илмҳои геология ва минералогия, дотсент Элназаров Сангин Абдумамадович, 5 – нафар муаллими калон Назриев ҳ. қ., Сарадбеков Р, Мирзоев А., қадамов А. қ. ва Мирзоев Т. ғ., 11-нафар ассистентон Назарбеков А. Р., Ашурмамадова Б. ҳ., Холиқназарова С., Суробшоева Р. М., Ошурмамадова Г. Б., Содиқова С. А., ҷонмамадова М. Т., Мамаднабиева А. П., Бахтибекова А. қ., Бунётов Н. А., Мазорбонов К. Х. ва 2-нафар лаборант қурбонмамадова С. М., Нуралишоева А. қ. машғул мебошанд.

Кафедраи фанҳои муҳандисӣ барои ихтисосҳои 1-510101 – Геология ва ҷустуҷўи конҳои канданиҳои фойданок, 1-51010103 – Гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, 1-020601-02 – Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ), 1-700401-01 – Сохтмони гидротехникӣ ва 1-030106-02 – Санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология дар зинаи бакалавр ва 1-510101 – Геология ва ҷустуҷўи конҳои канданиҳои фойданок ва 1-700401-01 – Сохтмони гидротехникӣ дар зинаи магистр, ҳачун кафедраи тахассусӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳайати устодони кафедра дар самти технологияҳои энергиясарфакунанда, геология, гидрогеология ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ корҳои илмӣтаҳқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра 7 китоби дарсӣ, 3 монография, зиёда аз 50 дастури методӣ, 17 патент, 500 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.

Дар кафедраи фанҳои муҳандисӣ 3 лабораторияи илмӣ-таълимии геология ва як маркази Системаи геоинформасионӣ бо таъҷизоти бехтарини сатҳи байналмиллалӣ таҷҳизонида шудаанд. Инҳо лабораторияи «Петрография ва минералогия», лабораторияи «Конҳои канданиҳои фойданок ва таҳлилӣ таҳшин (шлих)», лабораторияи «Суфтакунӣ (шлифование) ва коркарди санг» ва маркази Системаи геоинформасинӣ мебошанд.

Кафедра бо Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкории назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИ Тоҷикистон, факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети илм дар бораи замини Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, факултети сохтмон ва мемории Донишгоҳи техникии Точикистон ба номи академик М.Осимӣ, факултети гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Ширкати барқии “Помирэнержӣ”, Корхонаи воҳиди давлатии “ҷамаст”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати сохтмонии “Помирстрой”, Идораи таъмин ва истифодабарии хоҷагии оби ВМКБ ва ғайра алоқаи зич дорад.