Кафедраи назарияи иқтисод
Мудири кафедраи назарияи иқтисодро муаллимаи калон Ақназарова София Абуласановна
Кафедраи назарияи иктисод аз рӯзи таъсисёбии Донишгоҳии давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев ва факултаи иқтисод дар соли 1992 бо номи кафедраи иқтисод фаъолият дошт. Аз соли 2012 бо тақсим шудани он бо кафедраи менеҷмент ва маркетинг номи кафедраи назарияи иқтисодро гирифт. Мудири кафедраи назарияи иқтисодро муаллимаи калон Ақназарова София Абуласановна ба уҳда дорад.
Айни замон дар кафедра ба таълиму тадриси донишчӯён 1-нафар профессор, доктори илмҳои иктисодӣ Чонмамадов Ш , 2-нафар номзади илмҳои иқтисодӣ Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар ва Шоидарвозова Марзия Саидвалиевна, 5 нафар муаллими калон Абдураҳмонова. А., Алиёрова М. Д., Искандаршоева З. В. Шамиров, Мардонова. Т., Ғуломшоева С. А., 8 нафар ассистенти кафедра Меҳтаршоева С. А., Кенҷаева М. Кадамшоев А. Азизова Г., Қурбонова М. Р., Гурминҷов ва Холиқов.Ш, машғул мебошанд.
Кафедраи назарияи иқтисод барои омодакунии кадрҳо барои ихтисосхои иқтисодии баҳисобгирии бухгалтерӣ, иқтисоди ҷаҳон, фаъолияти бонкӣ, молия ва қарз ва тадриси фаннҳои мазмуни иқтисодӣ дошта дар факултетҳои ғайрииқтисодӣ дошта нигаронида шудааст. Кафедраи назарияи иқтисод дар зинаи магистр ҳамчун кафедраи тахассуси ба ҳисоб меравад.
Кафедра фаъолияти илмӣ– тадқиқотии худро дар чорчубаи самти илмии «Идоракунии соҳибкории хурд, миёна дар ВМКБ муаммо ва пешравии он» ба роҳ мондааст, ки омӯзгорон вобаста ба ҳамин равия дар ҳаллу фасли масъалаҳои «Баҳисобгирии мусохибӣ ва андозбандии натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳои хурд», «Таҳлил ва назорати ахбороти молиявии соҳибкории хурд ва миёна» саъю талош доранд.
Ҳайати устодони кафедра дар самти мавзӯъҳои “Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Худишғоли ташаккулёбӣ ва механизми танзими он дар минтақаҳои куҳистони дар мисолиВМКБ», «Омилҳои таъсирасони иқтисодӣ-иҷтимоӣ ба соҳаи туризм» корхои илми– тадқиқотӣ мебаранд. Аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ аз тарафи устодони кафедра , зиёда аз 21 дастури методӣ 8 патент, 122 мақолаи илмӣ ба нашр расонида шудааст.
Дар кафедраи назарияи иқтисод аудиторияҳо бо таҷҳизоти бетарини сатҳи байналмилалии технологияи навтарини вербали-электронӣ таҷҳизонида шудаанд. Инҳо аз қабили тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва компютерҳо мебошанд.
Кафедра бо филиали Иниститути илмҳои Гуманитарии АИҶТ дар ВМКБ, шуъбаи тадқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИ Тоҷикистон ва кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, Мактаби Маълумоти касбӣ ва Давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ Ширкати барқии «Помирэнержи» ва ғайра алоқаи зич дорад.
Кафедра тибқи нақша ҷиҳати минбаъд гузаронидани таҳқиқотҳои имлӣ дар масъалаҳои мумбрами соҳаи иқтисод ба монанди “Таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити муосир”, “Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли ВМКБ)”, “Таъсири раванди демографӣ ва муҳоҷират ба тараққиёти бозори минтақавии меҳнат мисоли ВМКБ)”, “Тавозуни талабот ва таклифоти кормандони баландихтисос дар бозори меҳнат” заминагузорӣ намуда истодааст.