Асосӣ

Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи Хоруғ» нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию таҳқиқотии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷаллаи мазкур мақолаҳои илмии ҳайати омӯзгорону профессорон, аспирантону унвонҷӯён ва докторантони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, инчунин мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, Институтҳо ва пажӯҳишгоҳҳои  илмии  мамлакат ва кишварҳои дуру наздик, низ ба нашр мерасанд.
Мундариҷаи асосии маҷалларо мақолаҳои илмӣ ташкил медиҳанд, ки ба бахшҳои илмҳои риёзӣ табиӣ ва гуманитарӣ раб дорад. Маҷаллаи мазкур дар як сол 4 шумора ба нашр мерасонад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд.
Мақолаҳои илмии ба маҷалла дохил гардида, тибқи муқаррарот аз назари ҳайати таҳририя гузаронида мешавад. Ҳайати таҳририя аз зумраи олимони намоёни ватанӣ иборат буда, коршиносони бахшҳои маҷалла мебошанд. Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 25 доктори илм иборат аст, ки онҳо кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ ҳастанд.  ва дар соҳаи худ маводҳои гуногуни чопнамуда доранд. 
Ба ҳамаи муаллифон нусхаи тақризи манфӣ бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола ирсол мегардад.
Маҷаллаи Паёми Донишгоҳи Хоруғ ба Феҳрести маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.   Он дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ), дар асоси шартномаи №АRT-297/2023 аз 22.05.2023 аз нав  ба қайд гирифта шуда, шумораҳои нашршуда дар он ҷой дода мешавад. Ҳамзамон маҷаллаи мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, №263/МҶ-97 аз 12.10. 2022 ба қайд гирифта шудааст. Бойгонии электронии маҷалла дар сомонаи расмии payom.khogu.tj  он дастрас мебошад.
Ҳамаи мақолаҳои илмии чопшаванда дорои фишурда, калидвожаҳои худ ва маълумот дар бораи муаллиф (он) мебошанд, ки онҳо бо забонҳои русӣ, англисӣ ва тоҷикӣ тартиб дода шудаанд.
Маҷалла дорои рақами байналхалқии силсиланашрия мебошад (ISSN 2664-5696).

Бойгониҳо

Соли 2023

Соли 2022