Хабарҳо

ПРЕЗИДЕНТИ МО — ИФТИХОРИ МО

ХОРУҒ, 18. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/. Таҳти унвони «Президенти мо — ифтихори мо» дар факултети илмҳои табии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ доир шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Созмони ҷавонони факултет гузашта, дар он донишҷӯён наворҳои ҷолиб дар хусуси заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ашъори баландмазмун дар васфи Сарвари давлат, Ватану ватандорӣ, Тоҷикистон ва саҳначаҳои таърихиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Муовини декани факулта оид ба тарбия Бароҳат Ашурмамадова дар оғози чорабинӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат дар давлатсозии муосири тоҷикон, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ, иттиҳоди мардум ва рушди босуботи кишвар нақши калидӣ гузошта, ин таҷрибаи бузурги Ӯ барои дигар роҳбарони мамлакатҳои гуногуни дунё сабақомӯз мебошад.

Инчунин, муҳассилин оид ба асарҳои таърихиву ибратбахши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва дигар мавзӯъҳои пандомӯз маълумот пешниҳод карданд.

Дидоршоҳ Насриддинов, мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Log in

create an account