Хабарҳо

Қадрдонии устодону донишҷӯён ба ифтихори Рӯзи Президент

ХОРУҒ, 17. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ /Имрӯз, 17 ноябр, ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд тан аз устодони беҳтарини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо сипосномаҳои ифтихории Раёсати донишгоҳ ва 15 нафар донишҷӯёни имконияташ маҳдуд бо мукофотпулӣ сарафроз шуданд.

Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид ба таълим зикр намуд, ки ин навбат омӯзгорон дар асоси пешниҳоди шуъбаи маркази тестӣ ҷиҳати бо сифати баланд тартиб додани саволномаҳои тестӣ ва риоя кардани ҳамаи талаботҳои шуъба бо сипосномаҳо мушарраф гаштанд.

Log in

create an account