Хабарҳо

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – РАВШАНГАРИ ТАЪРИХ

ХОРУҒ, 12. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 12 ноябр, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ва ректори донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Инчунин дар чорабинӣ намояндагони дастгоҳи раиси вилоят, муовинони ректор, деканҳои факултету мудирони кафедраҳои донишгоҳӣ, устодону масъулини шуъбаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯён ширкату баромад намуданд.

Қабл аз оғози конференсия Н. Амирбекзода ва Раёсати донишгоҳ аз намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик дидан карданд. Зикр гардид, ки дар амал татбиқ намудан ва пайравӣ аз ин асарҳо ба баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, дарки ваҳдатгароии наслҳои ояндасоз вокан мусоидат намуда, инсондӯстиву меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ҷаҳонбиниву маънавиёти наслҳоро тақвият мебахшанд.

Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ – амалӣ оғоз гардид.

Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид ба таълим дар ифтитоҳи конфронс қайд намуд, ки дар марҳилаи имрўзаи таърихӣ баҳри созандагии ҷомеаи навин, инкишофи давлатдории тоҷик ва таъмини рушди босуботи он дар доираи ҷараёнҳои умумии ҷаҳонӣ омўзиши фаъолияти сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва институти президентӣ чун таъминкунандаи тавозуни баробари фаъолияти идоракунӣ барои ташаккули андешаи миллӣ аҳамияти калони илмӣ дорад.

«Баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ дар кишвари азизи мо падидаҳои ҳақталошӣ, истиқлолхоҳӣ ба кашокашиҳои манфиатҷўёнаи сиёсӣ табдил ёфтанд, Тоҷикистонро вартаи ҳалокатбор ва ҷанги бародаркушӣ фаро гирифт.

 Дар чунин давраи ҳассос, низоҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд. Замону таърих, рисолати наҷоти миллат аз парешонӣ, баркарорсозии институтҳои давлатдориро дар асоси принсипҳои муосири демократӣ, бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ва ташаббуси оғози бунёди сохтмонҳои азими асри навро ба дасти фарзанди фидокори миллат Эмомалӣ Раҳмон супорид.» - таъкид намуд, М. Алимшоев.

Тазаккур дода шуд, ки маҳз аз рисолати хайрхоҳиву сулҳхоҳонаи Пешвои миллат оташи ҷанги бародаркушӣ хомӯш гардид ва Ваҳдати комили миллӣ барқарор гашт. Феълан Президенти мамлакат чун меъмори сулҳи тоҷикон, на танҳо азизи ҳар хонадони тоҷик шуд, балки таҷрибаи андӯхтааш дар ин самт дар арсаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифт. Чунки миллатҳо ва давлатҳои зиёде маълуманд, ки тӯли солиёни дароз ин меваи талхро мечашанд, вале аз вартаи он баромада наметавонанд.

Вобаста ба он, муддати тӯлони донишмандон мақоми робитаи ҳамбастаи шахс ва таърих, мақоми созандагии шахсро дар ҷомеасозӣ кабул надоштанд, бар он ақида буданд, ки нақши шахс дар гирдгардон намудани чархи таърих, маҳдуд аст. Вале таърихи ҷаҳонӣ гувоҳ бар он аст, ки тағийроти бунёдӣ барои муайян намудани роҳу равияи созанда дар умури ҷомеасозӣ ба фаъолияти амалии шахсиятҳои алоҳида, ки нияташон аз ормону ирода, умқи таърихию фарҳангии халку ҷомеа реша мегиранд, вобаста аст.

Инак, вокеияти замони Истиклолият ба хубӣ исбот намуд, ки ин фарзанди наҷибу некиродаи халки тоҷик ҳамчун шахсияти таърихӣ рисолати хешро дар ҷомеасозӣ ва давлатсозии миллӣ сарбаландона иҷро намуд. Ба ҳангоме, ки аз фарзандони сарсупурдаи миллат сухан меронем, дар пеши назарамон симои барҷастаи садҳо нафар шахсиятҳои даврони гуногуни тоҷик ҷилвагар мегарданд.

Аз ин ҷиҳат, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба ҳар симо ва шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ, хазинаи пурғановати зеҳнии миллӣ чун омил, сутун ва пайвандгари фарҳангии наслҳои дирўз, имрўз ва фардои миллату давлат эҳтиром гузорад. Хизмати шахсиятҳои таърихию фарҳангиро чун омили муттаҳидкунанда бо мақсади пойдории давлат арҷ гузорад.

Дар марҳилаи тезутунди ҷаҳонишавӣ, бархӯрди бузурги сиёсии мамолики абарқудрат, фазои васеи иттилоотӣ бо ҳадафи ҳифзи давлату арзишҳои миллӣ, ба ҳайси Пешвои миллӣ эътироф шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ буд. Яъне, Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мудҳиши таърихӣ Роҳбари сиёсии давлат интихоб шуда, дар печутоби душвори давлатсозӣ дар кўраи алангаи сиёсӣ ҳамчун шахсияти баркамоли сиёсӣ обутобёфта чеҳраи намоёни миллӣ ва байналмиллалӣ шинохта шуд.

Аз ин ҷиҳат, дар марҳилаи имрӯза масъалаи Пешвои миллат мавзўе аз арҷгузорӣ, муҳаббат нисбати хизматҳои таърихӣ ва ҳамчун як рукни устувори таъмини ваҳдат, амнияти миллӣ мебошад. Ҳамин тавр, Сарвари давлат бо он ҷойгоҳи умумимиллии худ имрўз ба кафили сулҳу субот ва ҳифзи пойдории давлатдории муосири миллӣ табдил ёфтааст.

Ҳамин дӯстдории Ӯст, ки мардуми шарафманду сулҳпарвари мо ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, Ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, Истиқлоли Ватани азиз, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд.

Бояд гуфт, ки дар чорабинии илмӣ – амалӣ инчунин декани факултети таърих ва ҳуқуқ, н. и. ф. Лола Назархудоева, номзади илмҳои таърих Насим Мамадсалимов дар мавзӯъҳои «Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуда, донишҷӯён Ғуломасейнова Р., Мародмамадова Л., С. Туйхон, Тухлиев А. перомуни фаъолияти сиёсии Пешвои миллат, хизматҳои Сарвари давлат дар инкишофи соҳаи маориф ва ҷилваҳои ихлосу иродат дар шахсияти сиёсиву давлатмадории Роҳбарияти Олии кишвар суханронӣ карданд.

Дар ҷамъбасти конференсия Назира Амирбекзода бори дигар аз хизматҳои шоёну бесобиқа ва бемислу монанди Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, махсус зикр намуд, ки ба туфайли ин абармарди таърих ва Қаҳрамони воқеии миллат, халқи тоҷик дар иттиҳоду ҳамбастагӣ зиндагӣ карда, суботу амнияти сартосарии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин аст ва дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар пешрафту дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадаанд. Танҳо иродаи матини мардуми тоҷик лозим аст, то ҳамаи дастоварҳои Истиқлолияту Ваҳдат минбаъд ҳам азизу гиромӣ дошта шаванд.

Log in

create an account