Хабарҳо

Хабари фаврӣ

4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, шаҳрванд Зикилобеков Сино Файзулобекович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи №50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 00-05 ВЕ 07, дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор менамояд.

Ҳангоми пайгирии автомашинаи мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд. Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Log in

create an account