Хабарҳо

КОНСТИТУТСИЯИ – ИНЪИКОСКУНАНДАИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ ВА РУШДИ ДАВЛАТ

ХОРУҒ, 5. 11. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Бо ин унвон дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба 26 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ва омӯзгорону донишҷӯёни факулта конференсияи илмӣ – амалӣ доир гардид.

Чорабиниро декани факултет, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Лола Назархудова кушода иброз намуд, ки Конститутсияи кишвар бахтномаи миллат буда, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашт:

“Ин руйдоди сиёсӣ дар таърихи давлатдории ҷумҳуриамон бениҳоят муҳим мебошад ва маҳз тавассути ин шаҳодатномаи миллат ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон кафолат дода мешавад. Вазифаи шаҳрвандии мо аст, ки конститутсияро мӯшикофона омӯхта, дар заминаи он мавқеи худро дар ҷомеаи муосир мустаҳкам нигоҳ дорем”.

Дар конференсия маърӯзаҳои устодону донишҷӯён оид ба “Заминаҳои конститутсионии инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, “Конститутсия – ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат”, “Мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҳозиразамон”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи асосии тарбияи насли наврас”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳими ташаккули давлати ҳуқуқбунёд” ироа шуда, спас дар доираи чорабинӣ мавзӯъҳои дигар ҳам муҳокима гардиданд.

Log in

create an account