Хабарҳо

Тақдими 240 адад китоб ба ДДХ

ХОРУҒ, 29. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар доираи ҳамкориҳои судманди Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) аз тарафи Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори ДОМ барои ДДХ 240 адад китоб ҳамчун туҳфа тақдим гардид.

Дар маросими қабули китобҳо мудири кафедраи филологияи англиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маҳбуб Раҷаббеков ва директори мактаби болозикр Фаррухшо Фрайдонов ширкат намуда, иқдоми навбатиро баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва ғанӣ гаштани базаи моддии донишгоҳ арзёбӣ карданд.

Ба гуфтаи М. Раҷаббеков дар назар аст, ки дар ояндаи наздик китобҳо аз фанни забони англисӣ аз дигар муассисаҳои бонуфузи ВМКБ низ вориди китобхонаи асосии ДДХ шаванд.

Log in

create an account