Хабарҳо

Семинар: “Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он”

ХОРУҒ, 29. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар Маркази илмӣ – фарҳангии Ҳиндустони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо ташаббуси Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи “Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он” семинари амалӣ доир гардида истодааст.

Семинарро директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят Шарифа Худоёрова ва дигар кормандони он барои донишҷӯёни курсҳои 4 – и тамоми факултетҳои донишгоҳ аз таърихи 29 октябр то 10 ноябри соли равон мегузаронанд.

Ҳадафи асосии семинари амалӣ – таҳкими роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо Covid -19, иттилоотонии ҳарчи бештари ҷавонон, бахусус муҳассилин аз оқибату хатарҳои беморӣ мебошад.

Ба гуфти Ш. Худоёрова тибқи тартиби баргузории семинар, нахуст донишҷӯёни курси чорум аз роҳу усулҳои мубориз бо беморӣ баҳравар мешаванд, сипас худи муҳассилин имконият пайдо мекунанд, ки семинари амалиро барои донишҷӯёни курси якуми ҳамаи факултаҳои донишгоҳ гузаронанд.

Log in

create an account