Хабарҳо

Викторина дар факултети иқтисод: «Баҳисобгирии бухгалетрӣ» дар ҷойи I

ХОРУҒ, 28. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети иқтисоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факулта викторинаи илмӣ аз фанни назарияи иқтисод баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори омӯзгори факултет Соҷида Мардонаева гузашта, дар он чор гурӯҳ аз шумули донишҷӯёни курси якуми факулта бо ҳам рақобат намуданд.

Бояд гуфт, ки викторина хеле ҷолибу диданӣ сурат гирифта, гурӯҳҳо дар баробари саволҳои илмӣ, пурсишҳои мубраму актуалиро муҳокима карда, ба ҳар яке аз онҳо ҷавобҳои мушаххас гардонданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои охир, гурӯҳи «Баҳисобгирии бухгалетрӣ» ҷойи аввалро ба даст оварда, гурӯҳҳои «Иқтисоди ҷаҳон» ва «Менеҷмент» бошад зинаҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Инчунин, гурӯҳҳои ғолиб аз ӯҳдаи дигар талаботҳои викторина сарбаландона баромада, бо ифтихорномаҳо мушарраф шуданд.

Log in

create an account