Хабарҳо

ПИРӮЗӢ МУБОРАК!

Аз 24 то 25 октябри соли равон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба дастхобонӣ баргузор гашт.

Боиси фараҳу ифтихори аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аст, ки дар ин чорабинии варзишӣ аз миёни ҷавондухтарон, магистранти Донишгоҳ Сурма Каримова зинаи аввалро соҳиб шуда, медали тиллоро ба даст овард.

Мо С. Каримоваро баҳри ҳимоя намудани шарафи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ самимона табрик карда, дар фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар ба ӯ комёбҳои навро таманно дорем.

Пирӯзӣ муборак!!!

Log in

create an account