Хабарҳо

ҶАҲОНАТ БА КОМ, ФАЛАК ЁР БОД…

Номаи табрикотии ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба муносибати 70 - умин солгарди ҳаёти пурфайзи Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадори меҳнат, омўзгори шинохта, нозади илмҳои физика-математика  муҳтарам Некқадамов Ширинбек

Устоди азизу гиромӣ!

Шуморо аҳли Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чун омўзгори варзидаву шинохта, ба ифтихори зодрӯзатон самимона табрику таҳният менамоянд.

Бигузор ҳар як соли умр бароятон сарсабзиҳо, бахту иқболи баланд ва тозатарин дастовардҳои хизматӣ дар таълиму тарбияи насли ҷавонони худогоҳ ва бо мақсади ободии диёри азизамон ато намояд.

Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз он мефахранд, ки Шумо ҳамчун омӯзгори  асил, инсони поктинату бомасъулият  солҳои дароз дар пайроҳаи умри бобаракататон дар тарбияи мутахассисони зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмати арзанда намудаед.

Ҷашни 70 - умин солгарди умри бобаракататонро самимона муборак  гуфта, ба Шумо неърӯмандӣ, осоишии хонавода ва комёбиҳои рӯзафзунро дар соҳаи фаъолияти педагогӣ ва илмӣ таманно менамоем. Мо ба устод умри хушу бардавом, хушбахтии беинтиҳо ва саломатию хонаободӣ хоста, аз забони шоир гуфтанием:

Ҷаҳонат ба ком, фалак ёр бод,

Ҷаҳонофаринат нигаҳдор бод.

Бо камоли эҳтиром Раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ.

Log in

create an account