Хабарҳо

Қадрдонии ректори ДДХ аз устодон

ХОРУҒ, 07. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҷамъомади тантанавӣ гузашт, ки дар он ректори донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов як қатор устодонро бо ифтихорномаҳо сарафроз намуд.

Қабл аз оғози чорабинӣ Ш. Ҷонмамадов қайд кард, ки муаллим кафили боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони миллат аст. Маҳз аз ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маорифро соҳаи ҳаётан муҳим, афзалиятнок, сарнавиштсоз, омили муҳимтарини наҷоти миллат аз ғафлату нодорӣ, таҳкими давлат унвон карда, муаллимро равшангари ақлҳо номидааст.

Бо ин мақсад ҷиҳати таъмин намудани рушди босуботи соҳаи маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омўзгор, беҳдошти шароити зисти муаллимон ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, таъмини сохтори маориф бо васоити васеи иттилоотиву коммуникатсионӣ, инкишофи илми ватанӣ барномаҳои мукаммал таҳия гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев чун зодаи соҳибистиқлолӣ бо меҳнати самараноки омўзгорони варзида, бо дастгирии ҳаматарафаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба маркази воқеии илму маърифат ва муттаҳидкунандаи неруҳои ақлонӣ табдил ёфтааст.

Д. Насриддинов

Log in

create an account