Хабарҳо

Намоиши филми “Хиёнат” дар факултети биология

ХОРУҒ, 06. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дирӯз, 5 октябр дар шуъбаҳои биология, биоэкология ва экологияи факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки декани факултет доктори илмҳои биологӣ, профессор Мамадризохонов А., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Симоилбеков А., эдвайзери факулта Давлатбекова С. тамошои аҳлонаи филми мустанади “Хиёнат” доир шуд.

Пеш аз оғоз декани факултет баромад намуда, оид ба муҳиммияти сулҳу субот ва истиқлолияти комил ҳарф зада, махсус ёдовар шуд, ки дар замони имрӯза гиромӣ доштани ваҳтату ягонагӣ беш аз пеш авлавият дорад. Номбурда қайд намуд, ки насли ҷавон бояд аз таърихи кишвари азизамон бохабар бошанд, бахусус, аз бесарусомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ огоҳ шаванду зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Мариди зикр аст, ки донишҷӯёни факулта филми мустанади “Хиёнат”- ро тамошо намуда, факту далелҳои овардашударо ҷиддӣ қабул карданд ва аъмоли зишти аъзоёну ҳаммаслакони ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои террористию ҷудоиандозро маҳкум намуданд.

Мувофиқи тавзеҳоти муҳассилин, зарур аст, ки ба қадри сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳуқуқбунёд расид ва набояд гузошт, ки ягон ҳизб, ҳаракат ё равияҳои гуногун озодиву ваҳдати моро халалдор созанд.

Log in

create an account