Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи забону Иди омӯзгорон дар ДДХ

ХОРУҒ, 05. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 5 октябр, бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ ва Иди муаллимон дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки устодону донишҷӯёни донишгоҳ конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гашт.

Нахуст муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ҳозиринро ба муносибати ин ду иди бузург табрику таҳният намуда, иброз дошт, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостониву бойтарини забонҳои ҷаҳон мебошад:

“Забони адабии тоҷик яке аз беҳтарину фасеҳтарин забонҳои олам буда, бо он нобиғаҳое чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Сино, Мавлавию Ҷомӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ суханварӣ кардаанду асарҳои безаволу оламгир офариданд ва ба номи он сиккаи абадият гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд, ки “Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост”.

Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорон дар бораи муаллим сухан карда, нақши ӯро дар таҳкими донишандӯзӣ, забондонӣ, таълиму тадрис бағоят бузург унвон карданд ва аз ҷумла зикр намуданд, ки маҳз омӯзгор санъати сухан ва фарҳанги забондониро барои ҳар як шогирд меомӯзонад. Ниёгони мо муаллимро густаришгари ақлу хиради солим ва наҷодиҳандаи ҷомеа аз ҷаҳолату торикӣ номида, нисбати ин инсони бузург эҳтироми хосса доштанд.

Дар конференсия Элназарова Ҳ.н.и.ф, Мирзоҳасанова М., муаллимаи калони кафедраи забони тоҷикӣ,Ҷумъаева Б., н.и.ф дотсент дар мавзӯъҳои “Забони давлатӣ яке аз фасеҳтарин забонҳои олам”,“Забони давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ”, “Масъалаи рушди забон ва истилоҳот” марӯза намуда, инчунин донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики донишгоҳ перомуни забону омӯзгор ашъори баландмазмунро қироат карданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account