Хабарҳо

Конференсияи илмӣ бахшида ба 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ

ХОРУҒ, 01. 10. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 1 октябр бахшида ба 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев конференсияи илмӣ – назариявӣ гузаронида шуд.

Мамадризо Алимшоев, муовини ректор оид ба таълим дар баромади ифтитоҳӣ иброз намуд, ки Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири ширинкалом бо ашъору ғазалиёти латифи худ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мавқеи босазо дошта, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти  деринсолаи халқи тоҷик, дар радифи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддини Айнӣ  шўҳрати фарҳангу адаби моро оламгир  гардонидааст.

Камоли Хуҷандӣ соли 1318 дар шаҳри хушманзараи Хуҷанд ба дунё омадааст. Овони кӯдакӣ ва таҳсили ибтидоии шоир дар зодгоҳаш гузашта баъди таҳсилоти ибтидоӣ барои такмили илму дониши худ ба шаҳрҳои Самарқанду Тошканд ва Хоразм сафар намуда, дар мадрасаҳои ин шаҳрҳои бузург таҳсили илм намудааст. Камол бештар ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси бсандозае дошта, мероси адабии ў хеле пурсарват ва рангоранг мебошад. Мақоми шеъри Камоли Хуҷандӣ, ки шинохти ҳақиқати зиндагист, дар ташаккули афкору андешаи инсонҳо нақши муҳим дошта, баёнгари рӯҳи тавоно ва сеҳрангезу каломи нотакрори шеъри оламгири тоҷик мебошад.

- Имрӯз каломи сеҳрангези ин шахсияти олами шеъру шоирӣ на танҳо дар қаламрави кишварҳои форсизабон, балки дар кулли кишварҳои Шарқу Ғарб фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикии модари моро муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии миллат, ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз – забони давлатӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад.

Итминони комил дорам, ки омӯзиши осори Камоли Хуҷандӣ барои тарбияи маънавии аҳли ҷомеа, бахусус насли фардосози миллат аз аҳамияти воло бархурдор буда, дар бунёди ҷомеаи маънавӣ нақши равшан мегузорад - афзуд М. Алимшоев.

Дар чорабинии илмӣ Азорабеков Сардорбек, н. и. ф. дотсент дар мавзӯи “Шеъри гуфтугуии Камоли Хуҷандӣ”, Беҳронов Ҷумъа, н. и. ф. перомуни “Камоли Хуҷандӣ аз маълумоти тазкираҳо” ва Мирзоҳасанова Мавҷигул, муаллимаи кафедраи забони тоҷикӣ оид ба “Корбурди калимаҳои синонимӣ ва антонимии ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ” маърӯзаҳоро ироа намуданд.

Сипас, намоиши театрӣ таҳти роҳбарии коргардон ва ҳунарманди шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Хисравов бо унвони “Аз рӯзгори Камоли Хуҷандӣ” дар иҷрои муҳассилин Донишгоҳи давлатии Хоруғ пешкаши иштирокдорон гашт.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account