Хабарҳо

Конфронси “ДУНЁИ МАВЛОНО” дар ДДХ

ХОРУҒ, 30. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 30 сентябр таҳти унвони “ДУНЁИ МАВЛОНО” бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар толори хониши Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев конфронси илмӣ баргузор гашт.

Дар чорабинӣ сармутахассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии таҳсилоти олии касбии Агентиии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Юсупова, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДДХ Таҳмина Содатқадамова ва муовини директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шаҳло Некушоева иштироку баромад намуданд.

Т. Содақадамова қайд кард, ки мардуми тамаддунофару адабпарвари мо дар радифи кулли кишварҳои ҳамҷавор ва дусту ҳамзабон бузургдошти  мутафаккир ва суханвари тавонои қарни ХII Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд. Зеро арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва меъроси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар шароити феълӣ, ки бархурди тамаддунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд мешавад, омўхтан ва таҳқиқи мероси бостонӣ, ҳифзи  арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад.

“Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ яке аз абармардони фарҳанги бостони тамоми форсизабону ориёнажодони  ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори  нобиғагони  шеъри волоиёри форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси  бузургтарин суханвари адабиёти  деринсолаи халқи тоҷик, дар радифи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абўалии Сино, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Садриддини Айнӣ  шўҳрати фарҳангу адаби моро оламгир  гардонидааст

Мавлоно Балхӣ аз нобеғагони назми классиикии форсу тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. Мақоми шеъри Мавлоно, ки шинохти ҳақиқати зиндагист, дар ташаккули афкору андешаи инсонҳо нақши муҳим дошта, баёнгари рӯҳи тавоно ва сеҳрангезу каломи нотакрори шеъри оламгири тоҷик мебошад.

Имрӯз каломи сеҳрангези Мавлоно на танҳо дар қаламрави кишварҳои форсизабон, балки дар кулли кишварҳои Шарқу Ғарб фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикӣ- модарии моро муаррифӣ менамояд. Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонии миллат, ба рукни муҳими фарҳангсозу миллатсоз – забони давлатӣ, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли зиё дар шароити кунунӣ маҳсуб меёбад”- гуфт дар идомаи суханрониаш Т. Содатқадамова.

Дар идомаи конфронс устодону олимон Тавакалов А., Азорабеков С., Ҷумъаева Б., Қурбонхонова Н., Броимшоева М. Ва Охонниёзов Қ. дар мавзӯъҳои “Ашъори Мавлоно дар барномаи мадҳиясароёни Бадашон”, “Робитаҳои маънавии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо Ҷалолиддини Балхӣ”, “Истифодаи калимаҳои арабӣ дар ҳикоёти “Маснавии маънавӣ” Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ”, “Биниши асотирӣ дар эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ”, “Таҳлили лексикии ғазалиёти девони Ҷалолиддини Балхӣ”, “Муқоисаи чанд матн аз эҷодиёти Ҷалолиддини Балхӣ аз рӯи ду сарчашма”маърӯзаҳои пурмӯҳтаворо ироа намуда, сипас баҳси озод миёни иштирокдорон перомуни рӯзгор ва осори Мавлоно сурат гирифт. Инчунин донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики ДДХ ашъори гуногун аз эҷодиёти Мавлоно қироат намуданд.

Log in

create an account