Хабарҳо

Семинари доимамалкунандаи методӣ дар кафедраи филологияи англис

ХОРУҒ, 29. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар кафедраи филологияи англиси факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳ бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Таҳмина Содатқадамова ва роҳбарияту омӯзгорони кафедра семинари навбатии доимамалкунандаи методӣ гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо роҳбарии Розия Раҳматбекова гузашта, дар он омӯзгор София Худобердиева дар мавзӯи “Истифодаи хелҳои гуногуни ҷумлаҳо дар маҳорати навиштан” маърӯза кард.

Маърӯза бо мақсади нишон додани усулҳои гуногун барои навиштани матн тариқи забони англисӣ гузаронида шуда, дар доираи он устодон ба машғулиятҳои методӣ – таҷрибавӣ ҷалб гардиданд ва машқҳои муфидро мавриди корбурд қарор доданд.

Дар охир Маҳбуб Раҷаббеков, мудири кафедра ба маърӯзачии семинар ва омӯзгорони фаъол изҳори сипос намуда, қайд кард, ки баҳра бурдан аз усулҳои муосир ва дурусти таълиму тадрис кори устодонро бевосита осон мекунад.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account