Хабарҳо

Тамошои филми «Хиёнат» дар факултети таърих ва ҳуқуқ

ХОРУҒ, 24. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ бо иштироки декани факултет, н. и. ф. Лола Назархудоева ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет тамошои аҳлонаи филми мустанади «Хиёнат» доир шуд.

Қабл аз оғози филм роҳбарияти факултет зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромўш нахоҳанд кард, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои 90 -ум дар кишвар буд. Давоми панҷ соли ин ҷанг зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанон ба ҳалокат расида, тахминан ду миллион нафар шаҳрвандон бехонаву дар монданд,  ҳазорҳо оилаҳо бесаробон шуда, фарзандони худро аз даст доданд. Баъзе минтақаҳои кишвар дар бунбасти иқтисодӣ монда, мардум аз гуруснагӣ азоб мекашиданд. Аз рўи баъзе маълумотҳо ба иқтисодиёти Тоҷикстон зиёда аз 10 миллиард доллари ИМА зарари моддӣ расидааст.

Воқеан натиҷаи талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки оташи ҷанги бародаркуш хомўш гардид ва мардуми сулҳпарвари мо то ба ин рўзҳои хушу осуда ва созандагиву ҳамдигарфаҳмӣ расиданд.

khogu.tj

Log in

create an account